Дар Тоҷикистон 22 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 16 дармонгоҳ ба истифода дода шуд
Душанбе, 24.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 841, 9 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125,5 фоизро ташкил медиҳад.
Қисми зиёдтарини сохтмони биноҳои истиқоматӣ ба вилояти Суғд рост омада, 303,3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Қисми камтарини сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар ВМКБ ба назар мерасад, ки он ҳамагӣ 12,6 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тайи ҳамин давра дар ҷумҳурӣ 22 мактаби таҳсилоти умумӣ барои 7 ҳазору 102 хонанда, 1 беморхонаи дорои 115 кат, 16 дармонгоҳ барои қабули 531 мизоҷ дар як баст ва 3 муассисаи томактабӣ барои 235 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






