Дар вилояти Зобул 110 силоҳбадаст кушта шуд
Душанбе, 10.11.15. (АМИТ «Ховар»). — То имрӯз дар ҷараёни задухӯрдҳои шадиди мусаллаҳона байни толибон ва ҷонибдорони «Давлати исломӣ» дар вилояти Зобули Афғонистон қариб 110 силоҳбадаст кушта шуданд.
Амалиёти ҳарбӣ се рӯз пештар дар вулусволии Арғандоб оғоз ёфта, сипас дар ҳудуди вулусволиҳои Ҳакӣ, Афғон ва Дайчопан паҳн гардид.
Қобили зикр аст, ки дар ин ихтилофот ҷонибдорони роҳбари ҳозираи «Толибон» Ахтар Мансур ва аз ҷониби ДИ мухолифини толибон бо сарварии мулло Мансур Додулло иштирок доранд. То имрӯз бартарият ҷониби ҷанговарони Ахтар Мансур буда, талафот дар сафҳои онҳо 21 нафар ва аз ҷониби силоҳбадастони ДИ ва иттифоқчиёни онҳо 85 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ҷараёни задухӯрдҳо аҳолии осоишта талафот медиҳад. Мувофиқи маълумоти санҷиданашудаи намояндагони мулло Додулло, амалиёти ҳарбӣ боиси ҳалокати 5 зан ва 8 кӯдак гардид, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Пажвок».








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






