Дастгир гардидани нашъаҷаллобон

Ноябрь 9, 2015 03:25

Душанбе, 09.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду сокини 27 ва 32-солаи ноҳияи Нуробод  ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир  шуданд. Дар вақти кофтуков аз марди 27-сола 154 грамм ва аз марди 32-сола 468 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд. Вазни умумии маводи нашъадори бангдона 622 граммро ташкил медиҳад. 
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Ноябрь 9, 2015 03:25

Хабарҳои дигари ин бахш