«Давлати исломӣ» масъулияти ҳамлаҳои террористии Парижро ба уҳда гирифт

Ноябрь 14, 2015 04:27

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» силсила ҳамлаҳои террористиро, ки шоми дирӯз дар Париж ба вуқуъ пайвастанд, бар уҳда гирифт. Дар ин бора шабакаи иттилоотии итолиёвии «Sky Tg24» иттилоъ додааст.
«Ин қасос барои Сурия мебошад. Ин 11-уми сентябри Фаронса аст», — иқтибос меорад шабака аз изҳороти «Давлати исломӣ». 

Ноябрь 14, 2015 04:27

Хабарҳои дигари ин бахш