Давраи омӯзиши минтақавӣ оид ба нобуд кардани маводи тарканда дар Тоҷикистон

Ноябрь 10, 2015 05:09

Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафорати ИМА дар шаҳри  Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид ба нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассис аз минтақаи Осиёи Марказӣ барои тоза кардан аз минаҳо, ки дар Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр сурат гирифт, маблағгузорӣ карданд.
 Давраи омӯзишии мазкур, ки охирин давр дар силсилаи ҳафт чорабинии марҳилавӣ мебошад, ба мубориза бо дастгоҳи таркандаи дастисохт ва тайёр намудани иштирокдорон ба сифати мураббиёни дорои шаҳодатнома барои маҳви маводи тарканда тамаркуз шудааст. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ намояндагон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари Сафорати ИМА Майкл Мансини дар маросими хатми омӯзиш аз тарафи мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон иқтидори ҳамкории минтақавиро, ки дар мисоли давраи омӯзишии мазкур дида шуд, ситоиш кард. Ҳамчунин ӯ таъқид дошт, ки баланд бардоштани иқтидор барои  беҳавф, тоза ва нобуд кардани минаҳо, бозмондаҳои таркандаи ҷанг ва моддаҳои таркандаи таҳлукаовар ва амнияту суботи минтақавӣ судбахш хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар Душанбе аз соли 2013 инҷониб дар раванди ин талошҳо бо САҲА ҳамкорӣ менамояд.

Ноябрь 10, 2015 05:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад