Давраи омӯзиши минтақавӣ оид ба нобуд кардани маводи тарканда дар Тоҷикистон
Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид ба нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассис аз минтақаи Осиёи Марказӣ барои тоза кардан аз минаҳо, ки дар Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр сурат гирифт, маблағгузорӣ карданд.
Давраи омӯзишии мазкур, ки охирин давр дар силсилаи ҳафт чорабинии марҳилавӣ мебошад, ба мубориза бо дастгоҳи таркандаи дастисохт ва тайёр намудани иштирокдорон ба сифати мураббиёни дорои шаҳодатнома барои маҳви маводи тарканда тамаркуз шудааст. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ намояндагон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон буданд. Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари Сафорати ИМА Майкл Мансини дар маросими хатми омӯзиш аз тарафи мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон иқтидори ҳамкории минтақавиро, ки дар мисоли давраи омӯзишии мазкур дида шуд, ситоиш кард. Ҳамчунин ӯ таъқид дошт, ки баланд бардоштани иқтидор барои беҳавф, тоза ва нобуд кардани минаҳо, бозмондаҳои таркандаи ҷанг ва моддаҳои таркандаи таҳлукаовар ва амнияту суботи минтақавӣ судбахш хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар Душанбе аз соли 2013 инҷониб дар раванди ин талошҳо бо САҲА ҳамкорӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






