«Девон»-и Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ аз чоп баромад

Ноябрь 17, 2015 06:40

Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Нашриёти «Хуросон — Медиа»-и шаҳри Хуҷанд «Девон»-и нисбатан мукаммали ашъори шоири маъруф ва суханвари мумтози нимаи дувуми асри XIX ва ибтидои асри ХХ Нақибхон Туғрали Аҳрориро бо тасҳеҳ, тавзеҳот ва пешгуфтори шоир ва муҳаққиқи тоҷик Нуралӣ Нурзод бо хати форсӣ ва сирилик рўйи чоп овард. Девон бар асоси нусхаи чопи сангии соли 1916 дар Бухоро интишорёфта ва муқоиса бо нашрҳои охир тасҳеҳ гардида, 331 ғазал, 11 қасида ба шумули “Фироқнома” (дар ҷавоби “Фироқнома” — Анварӣ ва Хоҷуи Кирмонӣ), 12 мухаммас, 5 мусаддас, 1 мусамман, “Соқинома”, “Наврўзнома”, чанд маснавии кўтоҳ бо номи «Арза”,  маснавии нотамоми “Лайлӣ ва Маҷнун” ва 9 рубоии шоирро дар бар гирифтааст.

Ноябрь 17, 2015 06:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад