Дуздии таҷҳизоти компютерӣ

Ноябрь 16, 2015 06:47

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-15-уми ноябри соли равон зани 19-сола, сокини шаҳри Қайроқум ба ШВКД муроҷиат намудааст, ки  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як  компютери тамғаи “Самсунг” ва як  “Ноутбук”, ки арзиши умумиашон 7760-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон: ҷавони 17-сола ва писарбачаи 12-солаи сокинони шаҳри Қайроқум аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир шуданд.

Ноябрь 16, 2015 06:47

Хабарҳои дигари ин бахш