Э. Раҳмон: «Қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад»
Душанбе. 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон мардуми шарифманди тоҷикро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуд.
Дар Паёми телевизионии Сарвари давлат зикр шудааст, ки бисту як сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рӯзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил мекунем.
«Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳаммияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафтаи ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол шуморида мешавад»,- омадааст дар Паёми телевизионии Сарвари давлат ба муносибати рӯзи Конститутсия.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






