Эмомалӣ Раҳмон: Мо ба шарофати Конститутсия ҷомеаи демократӣ бунёд намудем
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Фаъолияти озоди иқтисодиву соҳибкорӣ дар асоси кафолатҳои конститутсионӣ тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвари моро таъмин намуд ва барои муайян кардани сиёсати мутавозин, хусусан дар самти паст кардани таъсири манфии бӯҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллиамон асоси боэътимод гузошт»,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, гузашти солҳо ҳар қадар моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебарад, дурустии интихоби роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамон қадар возеҳу аён мегардад.
«Мо дар даврони истиқлол бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст»,-илова намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






