Фан Сянжун: Тоҷикистон барои Чин кишвари дӯст ва шарики стратегӣ боқӣ мемонад
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).-«Мо имрӯз бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти бисёр гарму самимӣ анҷом додем. Барои ман мояи ифтихор аст, ки ин вазифаи пурмасъулиятро ба ман бовар карданд. Фикр мекунам, ки тайи ин солҳо барои рушди муносиботи ҳамкории Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ман бо ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон ва бо Ҳукумати ҶТ бисёр корҳои хубро барои мардуми ҳар ду кишвар ба сомон расонидем. Ман ба Эмомалӣ Раҳмон иброз намудам, ки дар муносибатҳои мо якчанд хислатҳои ба худ хос вуҷуд доранд, ки онҳоро дар оянда низ дасгирӣ намуда, бояд идома диҳем, чунки ин хислатҳо барои густариш ва амнияти ҳар ду кишвар муҳим ва муфиданд.
Якум, ки байни пешвоёни мо муносибати бисёр наздик ва бародарона барқарор шудааст. Дуюм, бовари мутақобилаи сиёсӣ байни кишварҳои мо дар сатҳи баланд қарор дорад. Ман ба ҷаноби Президент гуфтам, ки Чин ва Тоҷикистон ҳамеша ҳамдигарро устуворона дастгирӣ менамоянд, махсусан дар масъалаҳои калидӣ ва муҳиме, ки ба истиқлолияти мо дахл доранд. Ман фикр мекунам масъалаҳои калидӣ барои ҳифз ва истиқлолияти ҳар ду кишвар муҳимманд. Сеюм, ин ҳамкории сатҳи баланд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ мебошад. Байни кишварҳои мо солҳои охир лоиҳаҳои бисёре амалӣ шудаанд, ки аз ҷиҳати стратегӣ барои густариши иқтисоду иҷтимоиёти Тоҷикистон муҳим мебошанд. Чорум, ин ҳамкории сатҳи баланд дар бахши амният мебошад. Дар назди давлатҳои мо- ҳам барои Чин ва ҳам барои Тоҷикистон масъалаи бисёр мушкил ва вазнин-ҳифзи амнияти давлату минтақа қарор дорад. Чин ва Тоҷикистон имрӯз шарики стратегӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ,Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Чин яке аз ҳамсояҳои наздик, дӯст ва бародар ба ҳисоб меравад. Мо дар якҷоягӣ бисёр корҳоро ба сомон расонида метавонем. Сардори давлати Тоҷикистон маро бовар кунонд, ки Тоҷикистон барои Чин кишвари дӯст ва шарики стратегӣ боқӣ мемонад ва ваъда дод, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар дар оянда низ кӯшиш мекунанд ҳамаи иқтидори мавҷударо истифода баранд», -баён дошт сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун дар назди хабарнигорон.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун зикр кард, ки баъди ду рӯз аз кишвари зебоманзари Тоҷикистон ба ватани худ бармегардад ва ваъда дод, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






