«Гузаргоҳи сабз» ба фаъолият оғоз менамояд
Хоруғ, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин «Гузаргоҳи сабз» ба фаъолият оғоз менамояд. Ин имконият фароҳам меорад, ки додугирифти тарафайн барои вуруд ва судури маҳсулоти кишоварзӣ байни ду кишвар беҳтар ба роҳ монда шавад. Ҳамчунин тавассути ин гузаргоҳ барои вуруди маҳсулоти кишоварзии тезвайроншаванда ва маҳсулоти ситрусӣ ба вилояти Бадахшон имконияти зуд азназаргузаронии гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Санади фаъолияти «Гузаргоҳи сабз» зимни мулоқоти гурӯҳи кории Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ таҳти сарварии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед бо гурӯҳи намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳраки Қаросӯи ин давлат ба имзо расид. Ҳамчунин натиҷаи ин мулоқот гузари нақлиёти калони боркаш дар мавсими зимистон дар сарҳади ду давлат аз шаш рӯз ба ҳашт рӯз расонида шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки гурӯҳи кории Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ зимни ташриф ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчунин бо кормандони гузаргоҳи гумрукии Қулма, ки дар баландии 4362 м аз сатҳи баҳр қарор дорад, мулоқот намуд. Ташкили ин гузаргоҳ низ натиҷаи ҳамкории судманди ду кишвар- Тоҷикистону Чин буда, имрӯз он бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошад.
Дар шаҳраки Қарасу намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни ифтитоҳи «Гузаргоҳи сабз» иброз доштанд, ки фаъолияти ин гузаргоҳ, пеш аз ҳама, ба рушди иқтисодиёти ду вилояти ҳамсоя равона мегардад ва натиҷаҳои хуб ба бор хоҳад овард. Кушодани ин гузаргоҳ дар ин рӯзҳо, ки ҷаҳони муосирро буҳронҳо фарогир мебошанд, басо муҳим аст. Ҳамчунин намояндаи хадамоти гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Чин Чан иброз дошт, ки кушодашавии «Гузаргоҳи сабз» на танҳо додугирифтро дар табодули маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар менамояд, балки дӯстии мардумони ду кишварро низ тақвият мебахшад.
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед гуфт,. ки Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давлати Тоҷикистон ҳамсояи нек мебошад ва ин ҳамкорӣ мардуми ду кишвари ҳамсояро наздиктар месозад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






