Гузашти мототсиклронон таҳти шиори “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат”

Ноябрь 27, 2015 11:07

Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар нимаи дуюми имрӯз,     27 ноябр  аз соати 13:00 то 13:30 аз майдони Сарҳадчиён то Маркази савдои “Садбарг”  бо ҷалби гурӯҳи Венда гузашти мототсиклронон  доир гардид. Мақсад аз баргузории гузашт  бурдани корҳои тарғиботию  ташвиқотӣ ва роҳ надодан ба зӯроварию табъиз дар муносибатҳои оилавӣ дар доираи баргузории  маъракаи иттилоотии “16 рӯзи мубориза бар зидди хушунат” мебошад. Гузашти мототсиклронон  бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон  ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии PDV    ба роҳ монда шуд.    Мототсиклронон бо овезаҳо таҳти ҳамроҳии намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ  аз кӯчаҳои пойтахт гузаштанд.  Ин иқдом ба эълон гардидани Соли оила ва    иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2023”  ба роҳ монда шудааст. 
Бояд гуфт, ки 25 ноябри соли равон дар майдони «Регистон»-и бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҳуқуқии «Сарчашма» таҳти унвони «16 рӯз бар зидди хушунат» иқдом  доир гардид.
Дар он занони фаъол ва раисони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд иштирок  намуданд. Ҳадаф аз баргузории иқдом- ин мубориза бар зидди зӯроварӣ буда, занону духтаронро ба донистан ва ҳимояи ҳуқуқҳои хеш водор мекунад.

Ноябрь 27, 2015 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад