ХФА Русия суқути А321 — ро амали террористӣ хонд

Ноябрь 17, 2015 09:48

Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ  «Ховар»). -Суқути ҳавопаймои А321 дар Синай, ки боиси марги беш аз 220 нафар гардид, амали террористӣ мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти федеролии амнияти ФР Александр Бортников эълон дошт.
Садамаи  бузургтарин дар таърихи авиатсияи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ 31-уми октябр ба вуқуъ пайваст. Тайёраи  ширкати «Когалимавиа» Airbus-321, ки аз Шарм ул-Шайхи Миср ба Санкт- Петербург парвоз мекард, дар нимҷазираи Синай суқут кард ва дар натиҷа ҳамаи мусофирон ва ҳайати сарнишинони он ба ҳалокат расиданд.
«Инро метавон бешубҳа амали террористӣ хонд», — гуфт А. Бортников зимни ҷаласа оид ба натаҷаҳои таҳқиқи сабабҳои суқути тайёра дар Кремл таҳти раёсати Президенти ФР Владимир Путин.  
«Бино ба маълумоти мутахассисони мо, дар дохили тайёра маводи таркандаи худсохти дорои ҳаҷми то 1 кг эквиваленти тротил ба кор даромада, тайёраро дар осмон пора-пора кардааст. Далели ин қисмҳои ба масофаи дур парешоншудаи тайёра мебошад», — илова намуд Бортников.

Ноябрь 17, 2015 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд