Хуҷанд: машварат оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ
Душанбе, 30. 11. 2015. (АМИТ «Ховар») — Рӯзҳои 2-3 декабри соли 2015 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Тоҷикистону Швейтсария оид ба моликияти зеҳнӣ (TSIP) таҳти унвони «Қонунгузории соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» машварат баргузор мегардад.
Дар машварат намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ, муассисаву идораҳои табъу нашр, соҳаҳои фарҳанг, мақомоти корҳои дохилӣ, гумрук, студияҳои сабти овоз, КВД КВ «Тоҷиккино» — и вилоят ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита бо пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ин соҳа дахл доранд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои байни муаллифонро ба танзим медарорад, ҳифзи моликияти зехнӣ ва ҳалли мушкилоти соҳа мубодилаи афкор хоҳанд кард.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






