И. Григуле: «ИА дар нигоҳ доштани амният ва мубориза бо терроризм Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад»

Ноябрь 5, 2015 08:51

Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Иттиҳоди Аврупо дар нигоҳ доштани амният ва мубориза  бо терроризм Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад ва дар ин самт лоиҳаҳо низ  амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар самти ҳифзи сарҳад, назорати қочоқи маводи мухаддир, ки амалисозии ин лоиҳаҳо на танҳо ба манфиати кишвари шумост, балки ба манфиати минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупост. Чун мо ҳама дар як киштӣ нишастаем ва халал ворид кардан дар ҳаракати он мумкин нест, чун ҳамагӣ зарар хоҳем дид»,- афзуд роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле  баъди мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди хабарнигорон.
Ивета Григуле  иброз намуд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили вобаста ба  рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо Парлумони Иттиҳоди Аврупоро мавриди муҳокима қарор додаанд. Масъалаи муҳим ва аввалине, ки дар мулоқоти онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ин масъалаи амният мебошад. 
«Масъалаи дуюме, ки мо дар ин мулоқот авлавият дода, онро мавриди баррасӣ қарор додем, ин масъалаи иқтисод буд. Ҳамкории ояндаи Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон- ин рушд додани иқтисоди кишвари шумост, то сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон боз ҳам беҳтар шавад. Дар ин самт, албатта, якҷоя бояд талош кард, чун дар танҳоӣ наметавон чунин масъалаҳои муҳими ҷаҳониро ҳал кард ва ё пушти сар намуд. Албатта, дар ин мавзӯъ мо масъалаи энергетика ва захираҳои обро низ баррасӣ кардем. Дар ин самт ба мо Ҷаноби Президент дар хусуси ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи Роғун, ҷалби сармоя ба корҳои сохтмонӣ, назорат аз болои сохтмони ин неругоҳ, ки боиси бӯҳронҳои экологӣ нашавад, маълумот доданд»,-илова намуд роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо. 
Дар охир И. Григуле аз номи худ ва ҳайати ҳамроҳонаш мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, ба халқи тоҷик саломативу комёбиҳо таманно кард.
Ёдовар мешавем, ки аъзои ҳайати Парлумони Аврупо дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

Ноябрь 5, 2015 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад