Изҳори миннатдории Аҳтам Абдуллозода ба иштирокдорони роҳпаймоии ҷавонон

Ноябрь 25, 2015 13:02

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳамаи шумо, ҷавонони саодатманди диёр, барои иштироки фаъолона дар роҳпаймоии осоишта, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид, изҳори сипос менамояд»,-омадааст дар муроҷиатномаи Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои иштироки ҷавонон дар роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ.
-Ҷоизи ёдоварист, ки сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат- Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаву созандаи Роҳбари давлатро дастгирӣ намудани тамоми халқи Тоҷикистон ба даст омадааст.  
Дар ин асно, имрӯз ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ, фазои ором ва тинҷиву осоиштагӣ  кафолат дода шудааст.
Таҷлили ботантанаи Рӯзи Парчами давлатӣ, баргузории роҳпаймоии осоишта бо иштироки зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонон-ин нишонаи Сулҳ, Ваҳдат, Истиқлолият ва муҳаббату садоқат ба ин миллату Ватан аст.
Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва арзи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос буда,  арҷ гузоштан ба он вазифаи инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии  ҳар яки мову шумост. 
Иштироки фаъоли ҷавонон дар раҳпаймоӣ- ин нишони ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан аст.
    Барои муносибати самимонаатон ба арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани муқаддасоти давлатӣ, иштироки фаъолона дар роҳпаймоӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва донишҷӯёни тоҷике, ки дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд,  миннатдорӣ баён менамоем.
Таҷлили ботантанаи  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист.
Умедворем, ки мо ҷавонон дар асоси сарҷамъиву муттаҳидӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва бо истифода  аз шароити фароҳамовардашуда илму касб меомӯзем ва Ватани маҳбуби худро минбаъд низ ободу зебо мегардонем,-изҳори умед намудааст раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон                         Аҳтам Абдуллозода.

Ноябрь 25, 2015 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад