Изҳороти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Ноябрь 21, 2015 05:17

Душанбе, 21.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз он изҳори нигаронии ҷиддӣ менамояд, ки вактҳои охир ҳодисаҳои ҳалокати дастҷамъонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳои мошингарди вилоятҳои Маскав ва Калуга, ки ба сарҳадоти давлатии Русия бо кишварҳои ҳамҷавори он мепайванданд, зиёд рух медиҳанд. Масалан, дар тӯли ду ҳафтаи охир аллакай бо ҳамин шева 7  шаҳрванди мо ба ҳалокат расиданд.
19 ноябри соли ҷорӣ 4 шаҳрванди Тоҷикистон Расулов Ёрҷон Бойсанович, соли тавалудаш 1985; Тоҳиров Ҳикматулло Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1985; Собиров Абдуманон Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1987 ва Қурбонов Давлат Вакилович, соли таваллудаш 1974 дар шоҳроҳи шаҳри Домодедовои вилояти Маскав бар асари як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтанд. Соати 23-и шаб мошини тамғаи «Опел»-и ин афрод ба мошини боркаши «Scania» бархӯрда, ҳамагон дар маҳалли ҳодиса фавтиданд.
Аз ин пештар, 16 ноябри соли равон дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Калуга се шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохтанд. Дар ин ҳодиса
панҷ нафар ба ҳалокат расида буд, ки чор нафараш шаҳрванди Тоҷикистон- Ҷамшед Абдураҳмонов аз ш. Хуҷанд (1980), Абдуаҳад Фаёзов аз н. Бобоҷон Ғафуров (1988) ва Наргиза Маҳмадшоева аз н. Шаҳритус (1975) буданд.
Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия яке аз сабабҳои вуқӯи чунин ҳодисаҳоро дар он мебинад, ки аксарияти ин шаҳрвандон бинобар ба поён расидани муҳлати қайди семоҳаи будубош дар қаламрави Федератсияи Русия бо мақсади убури сарҳад гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада, бо
ин мақсад ба сафар мебароянд. Дар бисёр ҳолатҳо ин гуна хизматрасониро ба онҳо дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мошинҳои шахсӣ доранд ва роҳро хуб медонанд, пешкаш менамоянд. Аммо, мушкили асосӣ дар он аст, ки аксарияти ин мошинҳои хизматрасон  ва ё бо ибораи худи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик «услуги по пересечению границ» кӯҳнаву фарсуда ва дар ҳолати бади техникӣ қарор доранд. Роҳҳо низ дар ин фасли сарди тирамоҳ-зимистон душворгузару лағжон мебошанд. Гузашта аз ин, ронандагони чунин мошинҳои хизматгузор бинобар дуриву гаронии роҳ аксаран сахт монда шаванд ҳам, ба хотири ҳарчӣ зудтар рафтуомад намудан истироҳат намекунанд. Эҳтимолияти дар сари чанбараки мошин гирифтори хоби ғафлат шудани ронандаҳо низ зиёд аст, ки ин боиси садамаи автомобилӣ ва ҳалокати мусофирон мегардад.
Бинобар ин, Сафорати Ҷумхурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба шаҳрвандонамон, ки бо ин ният озими гузаргоҳҳои сарҳадӣ мешаванд, муроҷиат намуда, хоҳишманд аст, ки ҳаматарафа худ ва ҳамсафарони хешро эҳтиёт намоянд. Пеш аз сафар ба масъалаҳое, ки дар боло ишораашон намудем, аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Хуб мешуд, дар мавриди озими сафар шуданашон, бо кӣ ва бо чӣ навъи мошин ба роҳ баромаданашон, ҳамчунин оид ба хатсайри сафарашон ба наздикон ва ҳамроҳони хеш маълумот медоданд. Дар баробари ин, аз ҳамватаноне, ки чунин усули хизматрасониро ҳамчун як навъи тиҷорати хизматрасонӣ роҳандозӣ намудаанд, хоҳиш мешавад, ки барои  бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии корашон, ки боиси ҳодисаҳои нохуши фалокатбор мешаванд, талош варзанд.

Ноябрь 21, 2015 05:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад