Китоби «Маориф-гарави пешравии ҷомеа» аз чоп баромад

Ноябрь 24, 2015 06:06

Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъияти байналмилалии Бунёди  «Диалоги Авруосиё» китоби «Маориф-гарави пешравии ҷомеа» аз чоп баромад. Муаллифони китоб Ҷ.Ҷӯрабоев, А.Кӯчаров, С.Муллоҷонов ва  А.Сайфуллоев  буда, он  аз ҷониби  нашриёти «Маориф» ба табъ расидааст. 
Дар китоб андеша ва ақидаҳои чаҳор нафар фарзандони бузургу фарзонаи халқи тоҷик-Аҳмадмахдуми Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода бобати мактабу маориф ва нақшу ҷойгоҳи он дар ҷомеа дарҷ ёфтаанд. Мақолаҳои китоби мазкур масъалаҳои рушди мактабу маориф-аз даврони зуҳури он то замони имрӯзаро баррасӣ карда, талошу мубориза ва ғайрату ҷонбозиҳои равшанфикрон, маорифпарварон, мактабдорон ва шоиру нависандагони мутафаккирро дар ин масир нишон медиҳанд.  

Ноябрь 24, 2015 06:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст