Конфронси илмӣ — назариявӣ дар Кӯлоб

Ноябрь 3, 2015 05:35

Кӯлоб  3.11.2015  (АМИТ  «Ховар»)-  Дар Суди шаҳри Кўлоб конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили 21-умин солгарди Сарқонуни Чумҳурии Точикистон бо иштироки доираи васеи судяҳо аз шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон  баргузор гардид.   
Зикр шуд, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагӣ буда, кафили сулҳу амонӣ ва поягузори  ваҳдати комил мебошад.
Сарқонун  ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик буда, барои сулҳу оромӣ ва ба ваҳдат расидани точикон нақши муҳим дорад. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА  дониста шудааст.     
Дар интиҳо миёни кормандони мақомоти суд ва иштирокчиён оид ба бобу моддаҳои Сарқонун   суолу чавоб сурат гирифта, барои  баргузории чунин нишастҳои муфид пешниҳодоти судманд қабул   шуданд.  

 

Ноябрь 3, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад