Коршинос: Пиряхи Федченко лабораторияи табиӣ барои тамоми олимони дунё
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар» ). – Тавре ки иттилоъ дорем, ҳоло Президенти кишвар дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар Конфронси 21-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим ширкат дорад. Чанде пеш Президенти кишвар доир ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии об дар СММ ва андешидани тадбирҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он пешниҳоди муфид ба миён гузошт, ки мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд. Коршиносони тоҷик ташаббусҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ хеле созанда ва саривақтӣ арзёбӣ менамоянд.
Зайналобиддин Кобулиев-директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонро нигарон кардааст, зеро ин масъала имрӯз як омиле шудааст, ки ҷаҳониён наметавонанд онро нодида гиранд. Номбурда афзуд, барои омӯзиши омилҳои тағйирёбии иқлим аз ҷониби олимон аз солҳои 1932 мушоҳидаҳои иқлимӣ анҷом дода мешаванд ва барои муайян кардани оне, ки ин давра барои сохтани моделҳои математикӣ басанда аст ё не, мушкилоти зиёд ҷой доранд. Дар ҳамин самт роҳбарияти кишвар чораҳои махсуси омӯзиширо роҳандозӣ намуданд, ки барои тадқиқоти илмии олимон дар самти омӯзиши иқлим мусоидат намуд, гуфт Зайналобиддин Кобулиев: «Бо дастгирии Президенти кишвар шурӯъ аз соли 2010 имсол иқдоми неке амалӣ мешавад, ки ин барпо гаштани «Экспедитсияи 3-юми Помир» аст, яъне дар он тамоми ҷаҳониён шомил ҳастанд ва Тоҷикистон дар баробари захираҳои бузурги обӣ доштан, ҳамчунин дорои пиряхҳои бузург мебошад, ки маҳз ба ҳамин хотир пиряхи Федченко-як лабораторияи табиӣ барои тамоми олимони дунё шумурда мешавад».
Ба гуфтаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ташаббуси Президенти кишвар дар самти оғози «Экспедитсияи 3-юми Помир» буд, ки олимони зиёде аз Донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои олам ба омӯзиш ва муайянсозии тағйирёбии иқлим ва пешгирии паёмадҳои он ҷалб гардида, барои тарҳи нақшаи нави илмии масъалаи иқлим мусоидат намуда истодаанд: «Имсол аввалин шуда, бо роҳбарии профессори Донишгоҳи Айдаҳо Айзен Владимир аллакай тадқиқот оғоз гардид, ки он идома хоҳад ёфт ва сабаби он омӯхтани иқлим дар давраи гузашта аст, ки аз инҷо намунаҳо гирифта мешаванд ва баъди омӯхтани ин намунаҳо муаяйн мегардад, ки даврияти тағйирёбии иқлим дар пеш чӣ гуна будааст, то мо тавонем, як модели мукаммали илмиву асосноки математикӣ пешниҳод намоем».
Зайналобиддин Кобулиев ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои муҳими глобалӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо оид ба пешгирии тағйирёбии иқлим, балки дар баробари ин роҷеъ ба масъалаи об низ ташаббус нишон медиҳад, ки яке аз натиҷаҳои он баргузории конфронси сатҳи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» дар Душанбе мебошад. Номбурда иброз дошт, ки чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ имкон дод, ки ҷомеаи ҷаҳон барои ҳалли масъалаи об ва андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти тағйирёбии иқлим пешниҳодҳо ҳалкунанда намоянд: «Яке аз нуқтаҳои муҳими ин конфронс он буд, ки барои нигоҳ доштани пиряхҳо мо бояд ҳатман дар баландкӯҳҳо обанборҳо дошта бошем, яъне, ки ин асосноккунии сохтани нерӯгоҳҳои барқиву обие мебошад, ки мо дорем ва он метавонад як макроиқлим дар гирди пиряхҳо сохта, шиддатнокии зиёд шудани ҳароратро пахш кунад»,-афзуд номбурда.
Муҳиба Яқубова-ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари шуъбаи илмҳои биология ва тиб пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷмааи СММ оид ба ҳамкории олимони соҳа аз кишварҳои гуногун ҷонибдорӣ намуда, иброз дошт, ки чунин ташаббус метавонад барои ҳалли ҳарчӣ зудтари масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим мусоидат намояд: «Мо олимон бояд, ки ҳамин пешниҳоди Президенти кишварро ба назар гирифта, дар оянда корҳои илмиро дигаргун намуда, корҳои илмиро бо ҳамон равиш пешниҳод намоем, ки проблемаи об ва тағйирёбии иқлим ҳалли худро ёбад».
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






