Марказҳои нави хизматрасонии техникӣ дар Хатлон

Ноябрь 17, 2015 04:39

Қурғонтеппа, 17.11.2015. (АМИТ “Ховар”, ).-Дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷамоати деҳоти А. Авазови ноҳияи Восеъ машварати вилоятӣ оид ба “Таъсис ва муҷаҳҳаз намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ” доир гардид.
Дар  машварат иштирокдорон  оид ба  технологияҳои замонавӣ, истифодаи  онҳо ва  дастрас  кардани  онҳо  маълумоти зарурӣ  гирифтанд. 
Мақсад аз гузаронидани машварат, пеш аз ҳама, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо техникаю таҷҳизоти замонавӣ мебошад.

Ноябрь 17, 2015 04:39

Хабарҳои дигари ин бахш