Маросими истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон субҳи имрӯз бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.
Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи меҳмони олимақом фурудгоҳи байналмилалӣ ва ҳам кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод бо парчамҳои ду кишвар, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Президенти Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусайн, инчунин шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардумони ду давлат оро ёфтааст.
Ба ифтихори сафари давлатӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон қароргоҳи Сарвазири Покистон низ бо шукӯҳи хоса омода аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон Муҳаммад Навоз Шариф гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ оғоз ёфта, бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи горди фахрӣ, арзи салом ба сарбозон ва эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ҷараён гирифт.
Дар поёни маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Ҷойи таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд.
Ҳамчунин хотиррасон бояд намуд, ки рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон хеле васеъ инъикос меёбад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






