Медали нуқраи Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш
Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.
Тавре ки КМО Тоҷикистон хабар медиҳад, паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш шаби якшанбеи 15 ноябр ба анҷом расид, дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кг мақоми дувумро касб кард. Набимуҳаммад пас аз се ғалаба бар рақибонаш аз Гана, Булғористон ва Гурҷистон, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Артём Осипенко аз Русия, ки барои чаҳорумин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд, шикаст хӯрд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Ин дувумин медали паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов 14 ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Булғористон, Русия ва Қазоқистон ба даври ниҳоӣ баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон) шикаст хӯрда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






