Муҳокимаи масъалаи ҳавопаймои бомбаандози Су — 24 Русияро зада нест кардани ҚҲҲ Туркия дар ҷаласаи таъҷилии Шӯрои доимии СААД
Душанбе, 26.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори ҷониби Русия 25 ноябр ҷаласаи таъҷилии Шӯрои доимии СААД баргузор гардид, ки дар он ҷонишинони Дабири кулли СААД, кормандони Котибот ва Ситоди муттаҳидаи СААД ширкат доштанд.
Тавре ки дар хадамоти матбуоти СААД хабар доданд, дар ҷараёни ҷаласа намояндаи масъули Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия муфассал ахборот дода, аз ҷумла аксу наворҳоро дар бораи дар ҳудуди Сурия ҳавопаймои Су — 24 — Русияро сарозер кардани ҳавопаймои қиркунандаи Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Туркия намоиш дод.
Дар нақшаи пешниҳодкардаи ҷониби Русия нишон дода шудааст, ки ҳавопаймои Су — 24 Русия, ки ҳавопаймои қиркунандаи Туркия сӯи он мушак сар дода буд, вориди фазои ҳавоии Туркия нашуда буд. Ҳавопаймо дар масофаи як километр дуртар аз сарҳади Туркия қарор дошта ва чор километр дуртар аз он ба замин афтид. Ҳавопаймои Туркия баъди сар додани мушак ба ҳудуди Туркия рафта, дар баробари ин сарҳади Сурияро муддати кӯтоҳе вайрон кард. Зикр шуд, ки халабонҳои Русия худро ҳаво доданд. Яке аз аъзои сарнишинон баъди ҳаводиҳӣ аз тири аз замин сардодашуда ҳалок гардида, дуюмаш наҷот ёфта, дар маҳали бехатар қарор дорад.
Зикр шуд, ки ин ҳодиса маънои ба таври дағалонатарин вайрон кардани қоидаҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ пайваста бо оқибатҳои вазнинтарини мустақиман вайрон кардани Эъломия дар бораи ҷилавгирии моҷароҳо ва таъмини амнияти парвозҳо дар Ҷумҳурии Араби Сурияро дорад, ки он дар ИМА ба имзо расида, ба ҳамаи кишварҳои эътилоф, аз ҷумла ба Туркия дахл мекунад.
Иштирокдорони ҷаласа изҳор доштанд, ки дар ҷараёни ҷаласаи навбатии 24 ноябр баргузоршудаи Шӯрои доимии СААД ҳангоми табодули афкор аз рӯи масоили вазъияти байналмилалӣ дар партави воқеаҳои Сурия ва амалиётҳои террористӣ дар Париж ҷонибҳо паҳншавии терроризмро хавфу хатар ба амнияти ҷаҳон ва ситезаҷӯии умумӣ барои ҳамаи кишварҳо қаламдод карда, ҳамагуна зуҳуроти терроризмро қатъиян маҳкум намуда, ба ҷонибдории зарурати саъю кӯшишҳои якҷояи тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар муборизаи муштараку судманд бо ин хавфу хатар изҳори ақида намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа таваҷҷуҳро ба нораво будани такрори чунин ҳодисаҳо, ки метавонанд ба саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳон дар мубориза бо терроризм таъсири манфӣ расонанд, ҷалб намуда ва ба ҷонибдории аз байн бурдани ихтилофот бинобар ҳодисаи фоҷиабори мазкур изҳори ақида намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






