Муҳтавои нашрияҳои даврии ҳафтаи равон

Ноябрь 19, 2015 05:28

Душанбе, 19.11.2015 (АМИТ «Ховар»). – Ҳафтаи равон дар нашрияҳои даврии мамлакат оид ба ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ хабару гузориш, мақолаву мусоҳибаҳо дарҷ гардиданд. Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи шанбе, таҳти рақами 227 аз 14-уми ноябри соли равон аз сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон, мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар, изҳороти матбуотии Президенти Тоҷикистон, суханронӣ дар Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзами Покистон гузориши муфассал чоп карда, мисли ҳамешагӣ барои хонандагони худ саҳифаи фароғатии «Шоми шанбе»-ро бо ҷолибтарин мақолаҳо пешниҳод кардааст.

Дар шумораи рӯзи сешанбе, таҳти рақами 228 аз 17-уми ноябри соли равон «Ҷумҳурият» барқияи тасаллияти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Франсия Франсуа Олландро вобаста ба амалҳои террористии дар Париж содиршуда чоп карда, ҳамчунин хронологияи ин фоҷеаро бо номи «Ҷумъаи хунин дар Париж» дарҷ намудааст. Дар шумораи мазкури нашрия мақолаи номзади илмҳои филологӣ Сайрам Бақозода бо номи «Побарҷо ва устувор биистем» чоп шудааст. Муаллиф менависад: «Агар бунёди шахсияти фарҳангӣ поя бар унсури худӣ надошта бошад, эҳтимоли зуҳури бегонапарастӣ, худфурӯшӣ ва ватанфурӯшӣ дар миён аст, ки фарҷоми он худношиносист». Дар шумораи рӯзи чоршанбе аз 18-уми ноябри соли равон таҳти рақами 229, нашрияи «Ҷумҳурият» идомаи мақолаи устоди Донишгоҳи миллӣ Ҳафиз Раҳмонро бо номи «Парчами миллӣ: таърих ва ҳикмати рангҳову рамзҳо» ба хонандагон пешкаш кардааст. Дар шумораи рӯзи панҷшанбе таҳти раками 230 аз 19-уми ноябри соли равони нашрияи «Ҷумҳурият» аз ҳаёти дохилии мамлакат ва навгониҳои ҷаҳон хабарҳо нашр шуда, ҳамчунин чандин мақолаҳои ҷолиби дигар низ чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» дар шумораи рақами 155 аз 17-уми ноябри соли равон аз ҷараёни ниҳолшинонии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боғи набототи «Шакарпариён»-и Исломободи Покистон гузориш чоп карда, ҳамчунин ҷараёни Шӯрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакатро пешкаши хонандагон кардааст. Мақолаи пурмуҳтавои профессор Аслиддин Низомӣ «Донишманде, ки осору рӯзгораш намунаи ибрат аст», ки дар ҳамин шумораи «Садои мардум» чоп шудааст, аз ҷанбаҳои нодири эҷодиёти олими маъруф Аълохон Афсаҳзод нақл мекунад.

Нашрияи «Омӯзгор» оид ба Парчами давлатӣ силсилаи мақолаҳои муаллифонро чоп карда, ҳамчунин аз ҳаёти мактабӣ, мушкилоти соҳаи маориф, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ мақолаҳову хабарҳо нашр кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои Давлати Раҳмониён ва дар саҳифаи наср ҳикояи Зариф Ғулом «Ишқи духтари ветнамӣ»-ро чоп карда, дар саҳифаи тақриз мақолаи Вафо Элбоевро бо номи «Паҳнои афкор ва ҷустуҷӯ» пешкаши хонандагон кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаҳои муаллифон Манзумаи Фирӯз «Онҳо зистан мехоҳанд!», Б.Холмуродов «Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд…», Б.Усмонов «Террори нозанини Аврупо», ҳамчунин мусоҳиба бо Мавзуна Чориеваро нашр карда, оид ба Парчами давлатӣ чандин мақолаҳои ҷолиб чоп намудааст.

Ҳафтаномаи «Миллат» бо номи «Ба ҷойи гаҳворабандон…» аз фоҷиаи талхи кӯдаки панҷмоҳа, ки дар шаҳри Санкт-Петурбург ба ҳалокат расидааст, нақл мекунад.

Ҳафтаномаи «СССР» бо номи «Законник»-ҳои кӯлобӣ куҷо шуданд?» мақолаи давомдори М.Муборизро чоп карда, чун ҳамешагӣ дар саҳифаи «Мо ва онҳо» номаҳои электронии хонандагони худро нашр намудааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» бо номи «Миллиардҳо доллар ба ботлоқ» мақолаи таҳлилии Лутфулло Яъқубовро чоп кардааст.

Нашрияи «Тоҷикистон» ин ҳафта матолиберо таҳти унвони «Марди нодир» дар мавриди сафари Президенти кишвар ба Покистон, «Русия ва се омили зарба ба ДИИШ» оид ба зарбаҳои ҳавоии Русия ба мавқеъҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Фоҷиаи Париж-баъд аз он чиро бояд интизор шуд?» перомуни ҷузъиёти ҳамлаҳои хунини террористон ба Париж, ки дар 45 дакиқа 8 таркиш ба вуқӯъ пайваст, ба нашр расонидааст. Ҳамчунин дар ин ҳафтанома суҳбати хабарнигори нашрия бо раиси ноҳияи Шаҳристон Умар Ёқубзода таҳти унвони «Фарзандам хизмати ҳарбӣ кардааст» чоп шудааст.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаи Умари Тоҳирро бо номи «Лонаи ҷиноӣ» ба нашр расонида, пешниҳод кардааст, ки қисмҳои ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия аз шаҳрҳои Тоҷикистон берун бароварда шаванд. Ҳамчунин дар ин шумораи «Нигоҳ» мақолаи муфассали Усмоналӣ Холиқзода бо номи «Мушкилаҳои қоидаҳои имло» чоп шудааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ»  мақолаи Бахтиёр Ҳамдамро бо номи «Тараҳҳум бар паланги тездандон…» ва мақолаи Ҳуринисо Ализодаро бо номи «Суолҳои хазонрез» пешкаши хонандагони худ гардонидааст.

Ноябрь 19, 2015 05:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад