Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Сянжун
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Фан Сянжун барои ҳамкории пурсамар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи иҷрои вазифааш изҳори сипос намуд.
Фан Сянжун дар навбати худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои боз ҳамчун омили муҳими таҳкимбахшандаи равобити кишварҳо миннатдорӣ баён карда, бо итминон иброз дошт, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.
Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






