Мулоқоти Қосим Роҳбар бо Ғулом Исҳоқзай

Ноябрь 17, 2015 12:24

Душанбе, 17.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17 ноябри соли 2015 дар доираи ҳамкории судманд ва мутақобила мулоқоти  раиси  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо иҷрокунандаи вазифаи директори Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Ғулом Исҳоқзай баргузор гардид.   
Дар ҷараёни мулоқот  Қосим Роҳбар ҳадафи мулоқотро вобаста ба иҷрои масъалаҳои зерин: рушди институтсионалии Кумитаи рушди маҳал; тасвиби Консепсияи идоракунии маҳал аз ҷониби Ҳукумати ҶТ; таҳия ва пилотисозии феҳристи вазифаҳо ва хизмати давлатӣ; гузаронидани таҳқиқот оид ба баҳодиҳии сатҳи маълумотнокии ҷомеа дар бораи ислоҳоти идоракунии маҳал иброз дошт. 
Ғулом Исҳоқзай, намояндаи Барномаи рушди СММ таъсиси ниҳоди навро  фоли нек арзёбӣ намуд ва илова кард, ки Созмони Милал омода аст дар таҳкиму истиқрори мақоми идоракунии маҳаллӣ бо  кумита ҳамкорӣ намояд. 
Ҳар ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки  барои таъмини сифати чорабиниҳо дар доираи нақшаи амал механизми муассири ҳамоҳангсозии фаъолияти кумита бо мушовирони БРСММ роҳандозӣ   шавад. 
Раиси кумита Ғулом Исҳоқзайро бо таъйин шудан ба вазифаи нав табрик гуфта, ӯро барои иштирок дар Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи: «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии  рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки рўзи 25 ноябри соли 2015 баргузор мегардад, даъват намуд. 

Ноябрь 17, 2015 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад