Муомилоти ғайриқонунии нашъа дар ноҳияи Панҷ

Ноябрь 18, 2015 04:36

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-17 ноябри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Панҷ сокинони 32 ва 49-солаи ноҳияро бо гумони мумилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 990 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ноябрь 18, 2015 04:36

Хабарҳои дигари ин бахш