Мусодираи 5 кг афюн, 11 кг ҳашиш ва як “Берета” дар Фархор

Ноябрь 24, 2015 09:02
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сокини 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як шаҳрванди 23-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар дастгир гардиданд.
    Кормандони агентӣ аз дастгиршудагон зиёда аз 5 кг афюн, 11 кг ҳашиш ва як туфангчаи тамғаи “Берета”-робо ду тирдон ва ҳафт дона тир дарёфт ва мусодира намуданд.
     Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
     
 
Ноябрь 24, 2015 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш