Н. Саид: Хонанда аз баҳои нодурусти омӯзгор эътимод ба қобилияту лаёқаташро гум мекунад
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар баргузор гардид, ки дар он натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории вазорат оид ба вазъи сифати таълиму тарбия дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гурӯҳи кории вазорат дар муассисаҳои таълимии ин минтақа баҳри муайян намудани сифати таълим ва саводнокии хонандагон зиёда аз 120 кори хаттӣ гирифт. Натиҷаи санҷиш аён кард, ки ҳолати омӯзиш ва азхудкунии фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ дар ноҳияи Темурмалик ва фанҳои табиӣ-риёзӣ дар ноҳияи Ховалинг беҳтар гардида, дар ноҳияи Муъминобод вазъи кабинетҳои фаннӣ ва синфхонахои озмоишӣ бағоят ташвишовар аст. Дар мактабҳои минтақа ҷойи нишаст (дар маҷмӯъ, 2080 курсӣ ва 865 миз) намерасад. Ҳам дар шаҳри Кӯлоб ва ҳам дар ноҳияи Муъминобод шумораи комютерҳои корношоям зиёданд (110 адад). Вазъи феълӣ ва фаъолияти муассисаҳои томактабии ноҳияҳои Данғара ва Балҷувон низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шӯробод ва 52 муассисаи таълимии ноҳияи Восеъ толорҳои варзишӣ умуман вуҷуд надоранд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҳамадонӣ норасоии китобҳои дарсӣ дар синфҳои ибтидоӣ, мавҷуд набудани бинои алоҳида барои Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, набудани бинои бахши технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия аз мушкилоти соҳа маҳсуб мешаванд.
Гурӯҳи корӣ аз он, ки дар ноҳияи Фархор дар давоми 3 соли охир ба 400 оилаи омӯзгорон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ба 28 омӯзгор қитъаи замин барои сохтмони манзили зист ҷудо шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуда, амалӣ шудани онро барои дигар шаҳру навоҳии минтақа намунаи ибрат хонд.
Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид таъкид кард, ки «Тарзу усулҳои таълимӣ ва меъёри баҳогузорӣ ба дониши хонанда зери назорати қатъӣ бояд қарор дода шавад, зеро воқеъбинона нагузоштани баҳо (баланди баланд ё пасти паст) ба истиқлолияти фарҳангии насли наврас зарба мезанад, хонандаро навмеду рӯҳафтода мекунад. Хонанда аз баҳои нодурусти гузоштаи омӯзгор бадгумону нобовар шудддддда, ба қобилияту лаёқаташ эътимод намеварзад».
Вазир чаласаи сайёрро ҷамъбаст намуда, гуфт, ки: «Афзалият ва тафовути ҷаласаҳои сайёр дар шаҳру навоҳии минтақа дар он аст, ки таҳлилу баррасӣ ва муҳокимарониҳои ҷиддӣ дар ҳузури раисони шаҳру навоҳӣ ва мушовирони онҳо сурат гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бевосита бо мушкилоти соҳа дар шаҳру ноҳияҳо шинос мешаванд».








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






