Нақшаи бунёди шаҳраки нав дар Мастчоҳ

Ноябрь 18, 2015 12:52

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ шаҳраки нав бо номи Меҳробод бунёд мешавад. Бо ин мақсад ба эҳтиёҷмандоне, ки дар навбати замини наздиҳавлигӣ истода буданд, аз мавзеи ҷамоати деҳоти Суғдиён ҷой барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст.
Шаҳраки мазкур ҳамрадиф бо шаҳракҳои Сайҳуну Моҳпарӣ ва Баҳористон дар доираи иқдоми ташкили мавзеъҳои нави истиқоматии замонавӣ амалӣ мешавад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масоҳати 330 гектар маҷмӯан барои 2700 эҳтиёҷманд ин ҷо замин дода шудааст, ки  асосан сокинони ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак ва шаҳраки Бӯстон мебошанд. Ҳоло лоиҳаи шаҳраки нав омода шуда, тибқи нақша шаҳрак бо инфрасохтори замонавӣ фаро гирифта мешавад ва дар он се мактаб, се бунгоҳи тиббӣ, як беморхона, се кӯдакистон, марказҳои ҷамъиятӣ, бозор ва дигар иншооти иҷтимоӣ бунёд мешаванд. 

Ноябрь 18, 2015 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад