Неругоҳҳои хурди Тоҷикистон беш аз 19 миллион киловатт — соат неруи барқ тавлид намуданд

Ноябрь 19, 2015 05:25

Душанбе, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳоло  дар  ҷумҳурӣ  281  неругоҳи  хурди барқӣ  мавриди  истифода  қарор  дорад. Тайи  10   моҳи  соли  равон неругоҳҳои  хурд  беш  аз  19  миллион  киловатт — соат  неруи  барқ тавлид  намудаанд. 
Тавре  ки  дар Агентии  омори  назди Президенти  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  ҳаҷми неруи  барқи  ба  корхонаҳои   саноатии  кишвар  интиқол  додашуда дар  ин  давра  8  миллиарду  981  миллиону 500  ҳазор  сомонӣ ва бақияи он 13,7  фоизро  ташкил  дод. 

Ноябрь 19, 2015 05:25

Хабарҳои дигари ин бахш