Қ. Нурулҳақов: Дини исломро бояд ҳамчун як ҷузъи фарҳанги эътиқодӣ барои тарбияи мардум истифода кард
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Масъалаи дин ва миллат, низоъҳои идеологӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳони ислом яке аз масъалаҳои баҳсталаби рӯз буда, дар конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалие, ки имрӯз дар Душанбе гузашт, баррасӣ шуданд. Вобаста ба масъалаи дини ислом, миллат ва давлат бо иштирокдори ин конфронс- сардори Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ, номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақов ҳамсуҳбат шудем.
«Ховар»: Ҳадаф аз баргузории конфронси имрӯза чӣ буд?
Қамар Нурулҳақов: Масъалаи таносуби ислом бо миллат ва давлатдории миллӣ дар низоми давлатдории имрӯзаи миллии мо масъалаи бисёр мубрам буда, яке аз мавзӯъҳоест, ки аз тарафи муҳаққиқону шарқшиносон, коршиносону диншиносон мавриди таҳқиқи ҳаматарафа қарор дода нашудааст. Ҳадафи мо таҳқиқи таносуби ислом бо низоми давлатдории миллӣ аст, зеро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон пайванди дину сиёсат ҳамеша бар зарари давлатдории миллӣ кор кардааст. Ба андешаи ман дар адабиёти динӣ, дар байни рӯҳониён ва уламои ислом, умуман дар тафаккури баъзе зиёиён аслан ислом чун падидаи умумибашарӣ шинохта шудааст. Дар он гӯё тамоми халқҳо, миллатҳо ва қавмҳо ҳуқуқи баробар доранд. Ислом гӯё барои тамоми башарият фиристода шудааст. Лекин дар асл агар ба манбаъҳои таърихӣ нигоҳ кунем, ислом дар муҳити фарҳангию таърихисозии араб зуҳур карда, ҳамон зарурияти ҳаёт ва зиндагии мафкуравии ҳамонрӯзаи арабро бештар таҷассум кардааст. Бинобар ҳамин дар раванди ташаккули ислом, бевосита араб, ки таҷрибаи давлатдорӣ ва умуман давлати мутамарказ надошт ва як кишвари аз нигоҳи фарҳанг, сиёсат, дину иқтисодӣ хароб буд, истифода шуд. Бо мақсади аз ҳамин вартаи номусоид баромадан бо сарварии Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) тавассуди идеологияи нав, дини нав барои ташаккул ёфтани дини ислом андешаи космополитикии араб таҷассум ёфт. Бинобар ин вақте араб дар заминаи ислом хилофат сохт ва куҷое рафт, ҳамаи давлатҳои миллиро аз байн бурд ва ҳамаи фарҳангҳои миллиро такфир кард, куфр эълон кард. Дар он замон забони арабӣ забони расмӣ эълон гашта, то ҷое арабҳо тавонистанд бештари халқҳоро араб созанд. Онҳо ин корро нисбат ба мардуми эронӣ низ мехостанд татбиқ намоянд, вале ин сиёсати косполитизми арабӣ, ки дар ислом таҷассум ёфта буд ё ислом барои араб бо ҳамин мақсад хизмат мекард, амалӣ нагардид.
«Ховар»: Сабаби амалӣ нагаштани сиёсати космополитизми арабӣ нисбат ба эрониҳо дар чӣ буд?
Қамар Нурулҳақов: Сабаб он буд, ки мардуми эронӣ аввалин шуда, маҳз ба ҳамин андешаи космополикии араб зарба заданд ва ин андешаро шикастанд. Дар шикасти ин андеша асосгузори мазҳаби мо Имоми Аъзам нақши бориз дорад. Бо ворид гардидани урф ва ҳуқуқи исломӣ, забони форсӣ- тоҷикӣ ҳамчун забони дуюми ислом эътироф гашта, ин андешаи космополитикии арабро дар роҳи арабисозии халқҳои Аҷам шикаст ва минбаъд ҳаракати шуубия ин корро анҷом дод. Вақте ки давлати Сомониён ба вуҷуд омад, он на танҳо андешаи космополитикии арабро шикаст, ҳатто барои аз байн рафтани хилофати араб хатар эҷод кард. Бинобар ҳамин арабҳо дар ҳамкорӣ бо хонҳои турк оқибат давлати Сомониёнро аз байн бурданд. Тоҷикон то давраи шӯравӣ дигар аз умумияти сиёсӣ, аз ваҳдати сиёсӣ маҳрум шуданд. Вақте ки миллат аз сиёсат дур мешавад, вай ғайрисиёсӣ магардад. Вай дар дасти дигарон барои хизмат чун асбоб истифода мешавад. Бинобар ин мо бояд давлатдории миллиеро, ки имрӯз дорем ва ҳарчанд нисбат ба давлати Сомониён хурд аст, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем.
«Ховар»: Бо кадом роҳ имрӯз метавон давлату миллатро ҳифз кард?
Қамар Нурулҳақов: Яке аз роҳҳои ҳифз- ин ҷудо кардани дин аз сиёсат аст. Дини исломро бояд ҳамчун як ҷузъи фарҳанг, фарҳанги эътиқодӣ барои тарбияи мардум истифода кард. Агар дин бо сиёсат якҷо шавад, хатари ба сари давлати Сомонием омада метавонад бар сари давлати имрӯзаи Тоҷикистон ояд.
Ҷомеаи мо нисбат ба дигар ҷомеаҳои пешрафта ҷомеаи диндор аст, яъне сатҳи диндории мо дар баъзе ҳолатҳо аз сатҳи таассуби динӣ гузаштааст. Яъне, худшиносии динии мо аз сатҳи худшиносии миллиамон боло рафтааст. Мафкураи таносуби ислом ва миллат то имрӯз аз байни қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо нарафтааст. Ин тафаккур имрӯз тавассути масҷиду мактабҳои диние, ки имрӯз сохтаем, дар ҷомеа баланд гардидааст. Лекин ин тафаккури диние, ки мо дорем, дар баъзе мавридҳо хусусияти хурофотӣ ва ҳатто таассубӣ пайдо кардааст. Ягон идеологияи қудратманд алтернатива надорад. Ин идеология бояд таассуби диниро шикаста, динро ҳамчун падидаи фарҳангӣ ба омили ахлоқӣ табдил дода, ҷанбаҳои сиёсии онро аз ҳаёти сиёсӣ ҷудо кунад. Вале мо чунин идеологияи тавоно надорем. Дастгоҳи идеологии мо нисбат ба дастгоҳи идеологии ислом заифтар аст.
«Ховар»: Тавре ки медонем, имрӯз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз дин мардумро ба вартаи амалҳои нохалафи худ мекашанд. Сабаби шомилшавии мардум ба чунин гурӯҳҳо дар чист?
Қамар Нурулҳақов: Албатта, ин ҷо сатҳи маърифати динӣ ва илмию дунявии мардум нақши калон мебозад. Сатҳи динию дунявии мардуми мо паст аст ва дар фазои холӣ қарор дорад. Аз ин холигӣ гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ба манфиати худ истифода бурда, гурӯҳҳояшонро пур мекунанд.
Мо бояд барои ворид шудани андешаи бегона дар фазои мафкуравию иттилоотӣ, маънавӣ ва идеологӣ фазои холӣ надошта бошем. Он бояд зери таъсири мафкураи миллию дунявӣ қарор дошта бошад. Агар ин корро карда натавонем, ҳатман мафкураи динӣ ва таассуби динӣ боло гирифта, замина ба ифрогароии динӣ пайдо мешавад. Ҷомеаҳое, ки манфиатҳои геополитикӣ доранд, манфиатдоранд, ки ҷомеаи мо ҷомеаи динзада бошад, ҷомеае гардад, ки он ҷо сатҳи хурофоту сатҳи диндорӣ баланд бошад, зеро ҳар қадаре ки дар ҷомеаи диндорӣ таассуби динӣ, сатҳи хурофот баланд бошад, он барои абарқудратҳое, ки манфиати геополитикӣ доранд, манфиатовар аст. Онҳо аз ин таассуби динӣ метавонанд ба манфиати худ истифода баранд. Мо бояд ба ин роҳ надиҳем.
«Ховар»: Барои роҳ надодан ба хурофоту таассуби динӣ чӣ бояд кард?
Қамар Нурулҳақов: Мо бояд идеологияи пурқуввати алтернативӣ дошта бошем. Мо бояд шурӯъ аз боғча низоми идеологие дошта бошем, ки насли наврасро дар рӯҳияи идеологияи миллатсозӣ, худшиносии миллӣ, ҷаҳони дунявӣ тарбия кунем ва ба ислом ҳамчун як фарҳанги маънавӣ ва падидаи ахлоқӣ муносибат кунем, на ҳамчун падидаи сиёсӣ. Ҳол он ки дар ҷомеаи мо ба ислом бештар чун падидаи сиёсӣ баҳо медиҳанд. Мо ба рӯҳонияти шаклан нав эҳтиёҷ дорем. Рӯҳонияте, ки равандҳои имрӯзаи ҷомеаи муосирро дуруст дарк ва баҳо дода метавонад, ин равандҳоро ба манфиати миллӣ мутобиқ карда, вобаста ба ин равандҳо андешаи динии худашро тағийр ва инкишоф медиҳад. Ба мо ислоҳи шуури динӣ лозим аст, лекин шуури динии мо ислоҳ нашуда истодааст. Вақте рӯҳонияти динии мо худ шуурашро то ба имрӯз ислоҳ накарда, дар сатҳи рӯҳонияти асри 7 ва 8 андеша меронад, шуури динии ҷавононро тағйир додан ғайриимкон аст. Яке аз омилҳо ҳамин буда, омилҳои зиёди дигар ҳам дар ин самт мавҷуданд.
«Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳибаи Лайло Қосимова