«Ҷойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик»-конфронси илмии байналмилалӣ

Ноябрь 11, 2015 05:00

Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 10-уми ноябри соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи  Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик» бахшида ба 150-солагии шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ баргузор шуд. Дар конфронс донишмандон ва муҳаққиқони ашъори Туғрал аз Тоҷикистон ва хориҷи  кишвар иштирок намуданд. 
Дар конфронс президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, доктор Иброҳим Худоёр — раиси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Сахидод Раҳматуллозода ва номзади илмҳои филологӣ Саидумар Султонов гузоришҳои  илмӣ карданд. 
Кори конфронс дар се бахш: «Ҷойгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар таърихи адабиёти тоҷик», «Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ  ва афкори фалсафӣ  ва  иҷтимоии  замони  ӯ» ва «Забон ва услуби  ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ» идома ёфта, муҳаққиқон ва олимони шинохта ҳаёт ва фаъолияти шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрориро арзёбӣ намуданд.  
Иштирокдорони конфронс баёния қабул карданд, ки тибқи он  таҳқиқоти ашъори Нақибхони Туғрал идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ шоири маъруф ва барҷастаи охири асри 19 ва ибтидои асри 20 мебошад.
 Дар ин бора корманди хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин хабар дод.

Ноябрь 11, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст