Парчам- умеди ҷовидонаи ҳар миллат аст
Рашт, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Парчам рамзи давлатдорӣ, нангу номуси давлатдорӣ, умеди ҷовидонаи ҳар як халқияту миллат аст. Танҳо бо ақли солиму хиради азалӣ, бо қалби поку имони комил ва иродаи қавӣ метавон соҳиби давлат, забон ва соҳиби тамаддуну фарҳанги хеш бошем. Бигзор Парчами ватани азизамон доимо ҳамчун рамзи истиқлолияти миллӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлати мо ва ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон бар сари давлати тоҷикон парафшон бошад»,-изҳор кард раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ дирӯз зимни маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори рӯзи Парчами миллӣ.
Дирӯз дар маркази шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо иштироки беш аз 3000 сокини ноҳия ва бо бардоштани Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид. Инчунин дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинон ҷамъомад баргузор гардид.
Ҳунармандони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи консертии идона хотири сокинонро шод гардонданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






