Парчами миллӣ сари баланди мост
Душанбе, 11.11.2015.(АМИТ «Ховар»). — Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳусни ин симо, наҷобати ин симо, мазмуну мароми ин симоро нишон медиҳад. Аз ин рӯст, ки парчами миллӣ аз ҳар яки мо одоби хосаи муносибатро талаб дорад. Дастури парчамдорӣ, муносибат бо парчамро бояд ҳар яки мо бидонем ва мувофиқ бар он рафтор намоем. Оре, Парчами миллӣ танҳо он дирафше нест, ки мо онро болои сар мебардорем. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар халқ.
Ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок ва муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, пос доштан ва ҳимоя кардани падару модар, хонаводаву фарзандони худ, пос доштани рӯҳи гузаштагон, пос доштани таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ аст.
Вақте ки кишварҳо бар сари нанг меоянд, ба по мехезанд, дар зери парчами худ саф меороянд ва парчами худро болои сар мебардоранд, роҳнамои худ мекунанд, зеро шукӯҳи парчам, нангу номуси парчамдорӣ, яъне ватандорӣ намегузорад онҳо мағлуб шаванд, таслим гарданд, зеро қимати Парчами миллӣ, шаъну шарафи он дар баробари ҷон, балки волотар аз он аст. Ба даст овардани парчами душман маънои шикаст хӯрдан, мағлубияти ӯро дорад. Афрохта шудани парчами Шӯравӣ дар поёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Рейхстаги Олмон нишони пирӯзии Шӯравӣ бар фашистон буд.
Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,
Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.
Ҳаме бар хурӯшиду фарёд хонд,
Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд,
Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард.
Ва Коваи оҳангар нахустин парчамбардори таърихи мо дар зери ин парчами доду адолат халқро ба даргоҳи Фаридун овард ва мардум аз Фаридун даъват карданд, ки зери ин парчами доду ситод тахти Каёнро соҳибӣ кунад ва мардумро ба сӯи пирӯзиҳои инсонӣ раҳнамо бошад.
Фаридун чун ин дирафши ковиёниро бидид, дар ӯ фоли некро дарёфт ва онро қабул кард. Сипас ӯ ин парчамро ороиши тозае дод бо дебои Рум ва зару гавҳар ва онро парчами кишвар, парчами Эронзамин, парчами тахти каён сохт. Ин ҳолатро ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволаш чунин таҷассум кардааст:
Чу он пӯст бар найза бардид, кай
Ба некӣ яке ахтар афканд пай
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пайафканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “Коваёнӣ дирафш”.
Сипас, баъд аз Фаридун ҳар шоҳе, ки бар тахти Каён меомад, аз худ нақшу нигоре, зеваре бар ин парчам зам менамуд, то шукӯҳи ин парчам афзунтар бошад, то ҳадде, ки ин парчам аз симу зар нурафшон гардида буд ва шабҳо нури он оламро равшан мекард:
Аз он пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ
Ба шодӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ
Бар он бебаҳо чарми оҳангарон
Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон,
Зи дебои пурмояву парниён
Бар он гуна гашт ахтари ковиён,
Ки андар шаби тира хуршед буд ,
Ҷаҳонро аз ӯ дил пуруммед буд.
Ин аст, ки шарафу нангу ифтихори парчамдорӣ дар вуҷуди миллати мо ҳанӯз чандин ҳазорсола пеш афрӯхта шуда буд. Ин аст, ки имрӯз баъд аз ҳазорсолаҳо, баъди ба вуқӯъ пайвастани армони дерини халқамон, озодиву истиқлолияти миллӣ халқи тоҷик бо чӣ нишоту фараҳ ва ифтихори бузург аз Парчами миллӣ истиқбол намуданд. Аз ин рӯ дар муносибат ба Парчами миллиамон- ин муқаддасоти Ватан бояд бисёр эҳтиёткор бошем, Парчами миллӣ сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост, ки қиматар аз ҷон аст. Бинобар ҳамин, муносибати мо ба Парчами миллӣ бояд фавқулодда боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад.
Аввало, ин ки Парчами миллӣ танҳо дар ҷойҳои сазовор бояд афрошта шавад, на дар ҳар вайронае.
Дуввум, ин ки ҳар ҷое, ки Парчами миллӣ афрошта мешавад, бояд тозаву озодаву арзанда бошад.
Сеюм, Парчами миллӣ дар ҳар ҷое, ки афрохта мешавад, бояд таҳти назорату нигаҳбонӣ қарор гирад. Ба олудагиву берангии он роҳ дода нашавад. Теъдоди зиёди онро дар ҳар ҷойи даркору нодаркор, бақадру беқадр набояд овехт.
Чаҳорум, танҳо шоистатарин фарзандон сазовори бардоштани парчами миллӣ мебошанд ва онро набояд ба дасти ҳар кас дод.
Панҷум, дӯхтани либос, сару тан ба тақлиди Парчами миллӣ ва рангҳои он беадабие беш нест. Набояд ба ин роҳ дод, аз рангҳои Парчами миллӣ танҳо дар мавриди бунёди ягон пешниҳоди фавқулодда, бо тарҳи сатҳи баланд шояд тавон истифода кард. Аслан он чи мансуб ба Парчами миллӣ аст, ин муқаддасоти мост, набояд бо дигар чизҳо нишонаҳои онро омехта кард ё кӯчонд.
Шашум, бо ворид шудани Парчами миллӣ дар ҳама толорҳо бояд ба по хест ва ба он эҳтиром зоҳир кард.
Дар истифодаи тасвири Парчами миллӣ дар либосу сарпӯшҳо, чунон ки гуфтем, низ бояд эҳтиёд кард. Истифодаи он ба ҷои галстуки мактабӣ шояд роиҷ бошад, аммо ба шарте, ки ин галстук ҳамеша тоза ва дарзмолшудаву бедоғ бошад. Ё аслан ин масъаларо бори дигар аниқтар дидан даркор аст.
Аммо, шояд замоне расад, ки инсоният аз ҳама парчамҳои мавҷудбуда як парчам созад. Парчами ягонагии инсонҳо, парчами ягонагии Замин, парчаме, ки дар зери худ инсониятро ба ҳам орад, парчаме ки баъд аз фатҳи сайёраҳои нав ситораҳои нави кайҳонӣ аз номи заминиён бар он афрохта шавад. Ин, албатта, орзу ва ормони башардӯстонаест.
Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳар субҳ, вақте аз хона бурун меоям, ба сӯи коргоҳ мешитобам, аз дури дур ҳатман чашмам ба он парчамибаланд, парчами зебову парафшони миллиамон мефтад. Як ҳисси фараҳу ифтихор, як ҳисси гарми ватандориву ватандӯстӣ бандаро фаро мегирад. Гумон мекунам, фараҳу ифтихоре, ки ҳар субҳ ин парчам ба ман мебахшад, тамоми рӯз раҳнамои ман аст. Ва ман бовар дорам, ки ҳар нафари дигари сокини ин диёр низ чунин аст, зеро Парчами миллӣ на танҳо ба мо эҳсоси ифтихор мебахшад. Ин парчам ба мо бештар аз он неру, бовар ва ғайратеро мебахшад ва моро бо ҳам ба сӯи истиқболи ояндаи неки Ватанамон раҳнамо аст.

КАМОЛ НАСРУЛЛО
ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН