Парлумон ба қонуни мубориза бар зидди терроризм илова ворид намуд
Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм пурзӯр мегардонад. 25 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» баррасӣ ва қабул намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади минбаъд дар қаламрави кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он бо дархости субъекти асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда муваққатан боздоштани хизматрасонии алоқаи барқӣ ва истифодаи воситаҳои вобаста ба он дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ таҳия гардидааст.
Хайрулло Суфиев — узви кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ташреҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имкон медиҳад, ки минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба анҷом расонидани амалиёти зиддитеррористӣ дар минтақаи гузаронидани он фазои иттилоотии қаламрави кишвар ё минтақаҳои ҷудогона халалдор нагарданд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






