Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД аз дастгоҳи марказии вазорат хориҷ карда мешавад
Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар аз сохтори дастгоҳи марказии ВКД хориҷ карда шуда, он ба нақшаи идораи ҳамин мақомот ворид мешавад. Вобаста ба ин 25 ноябр вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйирот ворид намуданд. Искандар Солеҳзода -муовини вазири корҳои дохилии кишвар дар назди вакилони Парлумони мамлакат гуфт, ки ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ», инчунин бартараф намудани калимаю ибораҳои ғайрирасмӣ ва таззодҳои луғавӣ мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур барои баланд бардоштани мақоми қӯшунҳои дохилӣ, такмили сохтори он, ҳолати омодабоши сарбозону афсарон ва вазъи иҷтимоии онҳо равона шудааст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






