Ш. Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

Ноябрь 5, 2015 05:56

Душанбе, 5.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Аврупо таҳти раёсати Ивета Григули ва ҳамроҳони ӯро, ки барои иштирок  дар ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар мулоқоти мазкур ба масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо зоҳир шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ташрифи ҳайати Парлумони Аврупоро ба Душанбе заминаи мусоид барои рушди муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки  муносиботи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар сатҳи дуҷонибаро Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки дар соли 2004 ба имзо расида буд, танзим менамояд.
-Мо талошҳои содиқона ва самимонаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро барои  мусоидат дар самти «Стратегияи нави ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» эҳсос менамоем. Аз кумакҳое, ки Иттиҳоди Аврупо ба кишвари мо дар доираи лоиҳаҳои бешумори ба рушди демократия, волоияти қонун, идораи марз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди соҳаи нақлиёт ва энергетика, ҳифзи муҳити атроф, поксозии майдонҳои минагузоришудаи марзи Тоҷикистон — Ӯзбекистон ва дигар самтҳо равонашуда мерасонад, миннатдор ҳастем.
Боиси хушҳолист, ки акнун ҳамкории мо ба сатҳи болотар баромада, хусусияти ҳамешагиро касб кардааст. Бидуни шак, ин қадами муҳим ва дурусти парлумонҳои мо дар тақвияти муносиботи дуҷониба ба шумор меравад, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.
Моҳи майи соли 2012 дар  Душанбе ва июли соли 2013 дар Брюссел ҷаласаҳои Кумитаи оид ба ҳамкории парлумонӣ баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни ин нишастҳо муҳимтарин масоил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин алоқаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, масъалаҳои ҳифзи муҳити атроф ва тандурустӣ, мавзӯоти демократикунонӣ ва рушди конститутсионӣ, аз ҷумла плюрализми сиёсӣ ва дигар масъалаҳо мебошанд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки вакилони алоҳидаи Парлумони Аврупо ба ҳайси ширкаткунандагони конфронс ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, гуфтугӯҳои сиёсӣ оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва нозирони интихобот ба кишвари мо ташриф овардаанд, ҳамзамон вакилони мо низ аз ҳар ду палата аз Парлумони Аврупо дидан кардаанд.
Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳамаи ин вохӯриҳо натиҷаҳои мушаххас дода, ба нафъи халқу миллатҳои мо равона шудаанд.
Барои мисол, пешниҳод дар мавриди қонунгузории ҷиноятӣ дар масъалаи шиканҷа ва ҷавобгарӣ барои туҳмат мавриди амал қарор дода шуд. Моддаҳое, ки дар онҳо туҳмат ва таҳқир ҷавобгарии ҷиноӣ ҳисобида мешуд, аз Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ шуданд. Ҳифзи шаъну шараф ва ҷуброни зарари маънавӣ дар Кодекси гражданӣ ворид карда шуд. Вобаста ба шиканҷа баръакс, дар Кодекси ҷиноӣ ҷавобгарӣ сахттар шуда, ба он моддаи алоҳида дар бораи масъулияти кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти тафтишотӣ барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ва равонӣ бо мақсади ба даст овардани маълумот ё эътирофи иҷборӣ, тарсонидан ё истифодаи фаъолиятҳои дигар ворид шудааст.
Ё мисоли дигар: дар шаҳри Душанбе чанд рӯз пеш Ҳафтаи Аврупо бо номи «Ҳамроҳ ба хотири оянда» гузаронида шуд. Гуфтан мумкин аст, ки баргузории ин чорабинӣ аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Маркази фарҳангии «Бохтар» ва шарикони аврупоӣ мебошанд. Барномаи Ҳафтаи Аврупо фарогири фестивали филмҳои аврупоӣ, консертҳо, баргузории мубоҳисоти байни ҷавонон буд.
Раиси Парлумони касбии мамлакат афзуд, ки Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ алоқаманд аст.
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дар заминаи пуштибонӣ аз эътилофи неруҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ва кумакҳои инфрасохторӣ барои неруҳои интизомии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки ин аз мавқеи муштарак доштани мо дар заминаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳодат медиҳад.
Авлавияти рушди муосири Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, ҳамчунин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Дар пайи барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва системаи ягонаи кишоварзӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилоти вижае рӯ ба рӯ шуданд, ки бештари ин кишварҳо ҳатто бо гузашти беш аз ду даҳсола ҳанӯз ҳам натавонистаанд ин мушкилиҳои худро ҳал намоянд. Дар ин замина системаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон шадидан осеб дид.
Маълум аст, ки ҳар яке аз ин кишварҳо барномаҳои милии худро дар ин замина доранд. Ҳама бар он фикр мекунанд, ки бо таҳдидҳои нав чӣ гуна муқобила кунанд. Имрӯз дар Аврупо низ вазъ чандон мусоид нест — вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ. (Вазъияти муҳоҷирон).
Умедворем, ки Иттиҳоди Аврупо бо таҷриба ва имконоте, ки дорад, аз уҳдаи ҳалли ин мушкилот мебарояд ва шароити беҳтаре барои онҳо муҳайё хоҳад кард.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти палатаи Парлумони Тоҷикистон — Маҷлиси намояндагон маълумот дода, иброз намуд, ки дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон палатаи доимоамалкунандаи Парлумони Тоҷикистон ба шумор меравад. Он аз 63 вакил иборат аст, ки 41 вакили он аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб шудаанд.  22 вакили дигар аз ҳавзаҳои умумиҷумҳуриявӣ ва рӯихати ҳизбӣ интихоб гардидаанд. Ин даъвати панҷум аст. Интихобот 1 марти соли 2015 баргузор шуд. Имрӯз дар парламент намояндагони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон шомил ҳастанд, аз ҷумла:
1)    Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (43 вакил);
2)    Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (5 вакил);
3)    Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (3 вакил);
4)    Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (2 вакил);
5)    Ҳизби Демократии Тоҷикистон (1);
6)    Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон (1);
Вакилони беҳизбӣ (8) .
Парламенти мо хеле ҷавон аст, он танҳо соли 2000 ба Парлумони дупалатагӣ табдил шуд ва бинобар ин, барои мо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо, ки таҷрибаи фаъолияти парламентӣ тайи асрҳои зиёд доранд, зарур аст. Мо талош мекунем, ки таҷрибаи ин кишварҳоро омӯзем ва дар асоси арзишҳои миллии хеш аз он истифода намоем. Дар Маҷлиси намояндагон 40 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумонҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои аврупоӣ, мисли Белгия, Олмон, Латвия, Литва, Фаронса, Эстония, Австрия, Финляндия, Полша ва бо Парлумони Аврупо таъсис дода шудааст.
Хусусияти фаъолияти мо қабули шумораи зиёди қонунҳо мебошад, зеро барои мо зарур буд, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ маҷмӯи қонунҳои меъёрӣ — ҳуқуқии худро аз сари нав таҳия ва қабул намоем.
Рӯзҳо мегузаранд ва меъёрҳои тағйирёбандаи зиндагӣ, вазъи нави иқтисодиву иҷтимоӣ зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ё таҳия ва қабули қонунҳои ҷадидро ба миён меоранд.
Ин вазифа аз рӯихати мавзӯъҳои муҳими фаъолияти ҳаррӯза, ки самти асосии раванди қонунофарии мо ба шумор меравад, бардошта намешавад.
Дар ин замина мехоҳам таъкид намоям, ки дар доираи иҷрои лоиҳаҳои аз сӯи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешуда, корҳои зиёде дар бахши қонунгузории Тоҷикистон ба анҷом расидаанд. Масалан, қонунҳо дар соҳаи худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, баробарии гендерӣ, эълони мораторий ба ҳукми қатл, механизми ҳуқуқии пешгирии шиканҷа таҳия ва қабул шудаанд. Барои мисол, қонун дар бораи пешгирии таҷовузи ҳаётӣ, ки барои қабули он созмонҳои ғайридавлатии бо ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ҳамкоридошта талоши бештар карданд, қабул гардид.
Маълум аст, ки ҳар кишвар масъалаҳои миллӣ ва муҳими рӯзи худро дорад. Ҳама дар фикри он ҳастанд, ки дар баробари таҳдидот ва хатароти нави ҷаҳонӣ чӣ гуна истодагарӣ кунанд. Иттиҳоди Аврупо бо имконот ва шароите, ки дорад, метавонад барои ҳалли ин мушкилот, ҳамчунин барои бартараф кардани таҳдидҳои фаромиллӣ, мисли терроризм, фурӯши инсон, ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳо корҳои зиёдеро анҷом диҳад.
Раиси ҳайати Парлумони Аврупо Ивета Григули низ иброз дошт, ки боздиди чунин ҳайати бонуфузи Парлумони Аврупо ба Тоҷикистон бори аввал нест  ва мо умедвор ҳастем, ки масъалаҳои дар ҷараёни ин боздид баррасишаванда ҳалли мусбат ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт. Мавсуф таъкид намуд, ки бо таваҷҷуҳ ба он, ки равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар арсаҳо дар ҷаҳони муосир дар ҳоли тағйирёбианд, моро лозим аст, ки дар доираи ин таҳаввулот ҳамкории худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем.
Парлумони Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа шарики боэътимоди худ медонад ва дар заминаи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин тақвияти ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо дар заминаҳои мубориза бо ҳамаи падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм, қочоқи инсон  ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима шуданд.

Ноябрь 5, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши ВАО дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ муҳим мебошад
Дар Бадахшон мусобиқаи вилоятӣ бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъбаст гардид
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат ба «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1»-и шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маҳфили «Парвози шоҳин» фаъолият менамояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Дар Суди шаҳри Душанбе Рӯзи Модарро бошукуҳ ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Оид ба системаи мониторинги обии радиоактивӣ ва металлҳои вазнин дар Осиёи Марказӣ вохӯрии машваратӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ба оилаҳои ниёзманд кумак расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст