«Шабе дур аз ватан» ба Қазоқистон меравад

Ноябрь 14, 2015 05:15

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзҳои 27-28 ноябри соли равон дар шаҳри Тарази вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали 3-юми байналмилалии театрӣ таҳти унвони «Тунгшбай ба Тараз даъват мекунад» баргузор мегардад. Бо дастгирии молиявии ширкати «Сомон Эйр» дар фестивал Тоҷикистонро Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов  бо пешниҳоди намоишномаи муаллиф ва коргардон Нозим Меликов «Шабе дур аз Ватан» (андешаҳои театрӣ аз ашъори Бозор Собир)  муаррифӣ менамояд.

Ноябрь 14, 2015 05:15

Хабарҳои дигари ин бахш