Сохтмони 7 мактаби миёна то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Ноябрь 27, 2015 09:10

Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар») —  Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна  ҳамчун муассисаи давлатӣ соли 1999 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани сохтмон ва таҷдиди биноҳои нотамоми мактабҳои миёна, ки асосан аз давраи Шӯравӣ боқӣ монда буданд, таъсис  шудааст. 
 Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна   бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ду марҳилаи лоиҳаро дар ҳаҷми умумии 23,0 миллион доллари ИМА пурра таъмин карда,  дар айни замон татбиқи марҳилаи 3-юми лоиҳаи мазкур, ки дар доираи он 7 бинои мактаби миёна дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷакент, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Панҷ, Ҳисор ва Шуғнон бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида мешаванд, идома дорад. 
 Иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

 

Ноябрь 27, 2015 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад