Суғд: Сафарбаркунии муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор

Ноябрь 3, 2015 12:09

 Душанбе, 3. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар давоми моҳи октябр дар қаламрави вилояти Суғд 9 субъекти хоҷагидор, аз қабили ҶДММ «Сомонэкпресстранс», ҶДММ «Суғдиён Помир тур», ҶСК «Нақлиёт», ҶСК «Иттиҳодияи автовокзалҳо», «Умури меҳнатии ихтиёрии ҷавонон», «Роҳи Абрешим» ба сафарбаркунии муҳоҷирон  машғуланд. 
Дар ин давра «Сомонэкспресстранс» ба 178 нафар, «Суғдиён Помир Тур» ба 19 нафар, «Иттиҳодияи автовокзалҳо» ба 20 нафар, «Роҳи Абрешим» ба 103 нафар шаҳрванд хизмат расонидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорӣ  320  шаҳрванд,  230 мард, 84 зан ва 6 нафар ноболиғ истифода бурдаанд.
Ҳамчунин дар давоми моҳи октябр аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор 34 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Субъектҳои хоҷагидор дар сафарбар намудан ва бо ҷои кор таъмин кардани 354 шаҳрванд саҳм гузоштанд.
Пеш аз  гусели гурӯҳҳои сафарбаршаванда намояндагони Раёсат бо муҳоҷирон суҳбат гузаронида, қоидаҳои будубош дар хориҷаро фаҳмонданд, маслиҳати ҳуқуқӣ доданд ва бо маводи ташвиқотию тарғиботӣ таъмин намуданд.

 

Ноябрь 3, 2015 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад