Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ: донишҷӯ ба ҷиноят даст зад
Душанбе, 30. 11. 2015. (АМИТ «Ховар») — Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нисбат ба донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Ф .М. ва шаҳрванд Б. Ч. бо моддаҳои 3073 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 3073 парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, онро мавриди баррасӣ қарор дод.
Суд муайян намуд, ки донишҷӯ Ф.М. охирҳои моҳи апрели соли 2015 тавассути сомонаи интернетии www.odnoklassniki.ru дар бораи ташкилоти экстремистии «Давлати исломӣ», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2015 ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф шудаву сомонаи интернетиаш баста шудааст, маълумот пайдо намуда, тавассути телефони мобилиаш- тамғаи «SAMSUNG» аз шабакаи интернет навор ва расмҳои тарғибкунандаи ин ташкилотро ба даст овардааст.
Тавассути сомонаи «Вайбер» онҳоро ба шиносонаш: Наимова Ганҷинамо Бозоралиевна, Қосимов Бузургмеҳр Абдусаломович, Шоназриев Низом Мақсадшоевич, Насриддинова Шукрона, Б,Ч. ва дигарон паҳн намудааст. Шаҳрванд Ф.М. дар суроғаи электрониаш, ки бо номи «ШеЙх МуХаМмАд 0007» қайд гардидааст, бо шаҳрванд Б. Ч. алоқа барқарор намуда, барои дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи «Давлати исломӣ» ба Сурия рафта иштирок намудан маслиҳат намудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






