Сумангул Тағойзода: Камбудиҳоро бемасъулиятии масъулон ба бор овардааст

Ноябрь 25, 2015 12:00

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Дар шаҳри Қурғонтеппа   вохӯрии   намояндагони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Раёсати Хадамоти муҳоҷират, директорони литсейҳои касбии техникӣ аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо иштироки    Тағойзода  Сумангул Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар машварат   фаъолияти сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон   мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта,   масъулин оид ба камбудиву норасоӣ ва  мушкилоти ҷойдошта ҳисобот доданд.
Тағойзода Сумангул Саид гуфт, ки : «Мутаассифона, дар вилояти Хатлон дар аксари  ҷойҳои корӣ шаҳрвандон ғайрирасмӣ фаъолият дошта, ба қайд гирифта нашудаанд. Инчунин ҳолатҳои  сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандон,  аз ҷумла, қарздории нисбатан калони музди меҳнат дар ноҳияи Ёвон (1 млн. 69, 6 ҳазор сомонӣ), Қубодиён (540, 2 ҳазор), Сарбанд (317, 4 ҳазор), Хуросон (195 ҳазор сомонӣ), Кӯлоб (180, 9 ҳазор), Қӯрғонтеппа (175, 3 ҳазор), Вахш (170, 5 ҳазор), Панҷ (168, 9 ҳазор), Фархор (146, 8 ҳазор), Ҳамадонӣ (49,2 ҳазор сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст. Қарзҳои мавҷудаи музди меҳнат,  хусусан дар соҳаи буҷетӣ, асосан ба соли 2015 рост меоянд, ки он 607, 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар самти иҷрои нақшаҳои муҳоҷирати дохилию экологӣ низ дар вилоят норасоиҳо вуҷуд дошта, беҳбудиро тақозо менамоянд. Дар солҳои 2013-2015 дар давоми соли 2015 ба ноҳияи Хуросон аз ноҳияҳои Айнӣ 50, Кӯҳистони Мастчоҳ 10  ва дар ҳудуди ноҳия 60 оила, дар маҷмӯъ 120 оила кӯчонида шудаанд. Аз ноҳияи Бохтар  72 оила ба ноҳияи Ҷиликӯл кӯчонида шудааст. Ба ҳар яке аз ин оилаҳо ба андозаи 3000 сомонӣ қарзи имтиёзнок пардохт шудааст. 
  Вазир  ҳамчунин аз  самаранок истифода набурдани заминҳои таҷрибавӣ, техникаҳои дар ихтиёрдошта,  муаррифӣ ва ба талаботи бозори меҳнат  мутобиқ нагардонидани ихтисосҳо, таъмиру тармими биноҳо ва хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти касбӣ  интиқод карда, аз бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ изҳори нигаронӣ намуд.

 

Ноябрь 25, 2015 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд