Таҷлили ҷашни Парчами миллӣ дар ДДЗТ

Ноябрь 19, 2015 03:52

Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода тасмим гирифтааст, то ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ,  худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ тарбия намояд. Ин аст, ки ба ифтихори Рӯзи парчам дирӯз дар Донишкада чорабинии бошукӯҳ доир шуд.  Мо, омӯзгорон хоҳони он ҳастем, ки ҷавонон иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро, ки барои дастгирии ҷавонон,  ободии кишвар ва бо самимияти баланд тарбия намудани донишҷӯён кӯшишҳои беандоза мекунанд, сармашқи кори худ намоем.  Ҳар як ҷавон имрӯз бояд фахр аз он намояд, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот поянда аст ва ба ин рамзи бебаҳое, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистони мо парафшон аст, эҳтиром гузоранд ва эҳтиромро ба наслҳои оянда низ расонанд, омӯзонанд, то парчами Тоҷикистони мо дар болои сари миллати тоҷик ҳамеша парафшон бошад»,-гуфт ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Қосимзода Идигул.
Донишҷӯи бахши дуввуми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Насриддин Баҳриддинов зимни ҳамоиш гуфт, ки: «Парчам аз нигоҳи ман  ин рамзи муқаддасотест, ки ҳар як фард бояд онро ҳифз намояд, арҷ гузорад ва ифтихор кунад. Ин яке аз нишонаҳои давлату давлатдорист.  Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар Душанбе парчами миллӣ бо дарозии 165 м қомат афрохтааст, ки ин мояи  ифтихори мо тоҷику тоҷикистониён аст. Ҳар лаҳзае, ки мо аз назди парчами миллӣ мегузарем, чашм аз диданаш намеканем. Ҳар гоҳе ки мо дар шабакаҳои телевизионӣ  мебинем, ки дар дигар давлатҳо парчами кишвари мо аз ҷониби варзишгарон боло бардошта мешавад, мо ифтихор мекунем, шукр мекунем, ки чунин рамз дорем. Аз замони Коваи оҳангар то ба имрӯз мо дирафш доштем, дар замони шӯравӣ ҳам парчам доштем. Хушбахтона, бо пойдории истиқлолияти кишвар парчами мо аз нав эҳё гардид, ки он се рангро дар бар мегирад ва ҳар яки он маъноҳои хоси худро дорад».
Хосият Олимова, декани факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии  забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода андешаҳояшро вобаста ба парчам чунин иброз кард: «Дар бисёр мавридҳо бархе нафарон бар он ақида ҳастанд, ки баъзе ҷавонон нисбат ба ватан, модар ва арзишҳои олии кишвар эҳтиром намегузоранд, меҳр надоранд, аммо ман бар ин ақида розӣ нестам, чунки субҳи имрӯз ҳангоме, ки ба донишкада ворид шудам,  роҳрави факултети филология пур аз донишҷӯёни фаъоле буд, ки  ба рӯзи парчам омодагӣ медиданд. Онҳо саҳни донишкада ва факултетро оро додаанду ба пешвози меҳмонон омодагӣ доштанд. Пас чӣ гуна метавон гуфт, ки ҷавонони мо аз худшиносию худогоҳии миллӣ дур мондаанд? Ба фикрам, ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки ҷавонони мо  нисбат ба ин сарзамин ва муқаддасоти ватан эҳтироми хосса доранду  дӯстдории худро нисбат ба ин меҳан ба ин тарз баён кардаанд».
Каримҷон Салимов, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон зимни ҳамоиш гуфт: «Барои таҷлили Рӯзи парчами миллӣ  донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик аз субҳи содиқ ба истиқболи парчами миллӣ якдилона даст ба дасти ҳам дода,  донишкадаро идона оро доданд. Ин гувоҳи он аст, ки мо ҷавонон бо ақлу шууру эҳсоси худ дарк намудем, ки ин ватан ватани мост ва бояд мо тавассути ақлу донишу ҳисси меҳанпарастӣ дар якҷоягӣ ин миллату ин сарзаминро ободу зебо, ҳифз ва ҳимоят намоем».
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 18 ноябр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ташаббуси раёсати донишгоҳ бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо иштироки меҳмонон, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ноябрь 19, 2015 03:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад