Таҷлили Рӯзи Парчам дар ДМИТ

Ноябрь 24, 2015 06:04

Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ- ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст»,-гуфт ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) Ашурбой Солеҳзода зимни чорабинии тантанавӣ  бахшида ба ҷашни Парчами давлатӣ. 
Ашурбой Солеҳзода ҳозиринро бо Рӯзи парчами давлатӣ муборакбод намуда, афзуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, вай яке аз омилҳои муҳимми худшиносӣ маҳсуб мешавад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. 
Маърӯзаҳои устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Абдувоҳидова дар мавзӯи «Парчами Ковиён» ва Зоиршо Қодиров дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд. Зикр гардид, ки парчам аз замонҳои қадим яке аз рамзҳои асосии  давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо — Коваи оҳангар будааст. Мояи ифтихори мост, ки имрӯз миллати моро аз тариқи муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчами миллӣ мешиносанд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар донишкада мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯён доир гардид ва  дар байни факултаҳо бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни гӯшаи беҳтарин таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» гузаронида шуда, ғолибон бо ҷом ва дипломҳои дараҷаҳои гуногун сарфароз гардонда шуданд. Инчунин чанд нафар омӯзгор ва кормандони донишкада барои меҳнати софдилона ва пурмаҳсул бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Ноябрь 24, 2015 06:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст