Талаботи рӯзафзуни аҳолии Кӯлоб ба неруи барқ
Кӯлоб, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Кормандони шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб омодагии хуб дида, таҷҳизоти зарурӣ, қисмҳои эҳтиётии трансформаторҳо, равғани он ва ноқилҳои барқию пояҳои оҳану бетонӣ захира кардаанд.
Ба гуфти Ҷумъахон Раҷабов, сардори Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб мушкилоти онҳо напардохтани ҳаққи истифодаи барқ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳо ва аҳолӣ мебошад. Моҳ ба моҳ афзоиши қарзи ҳаққи истифодаи барқ роҳбарияти шабакаҳои барқиро ба ташвиш овардааст ва аз ин рӯ барои ҳалли мушкилот истифодабарандагонро бо ҳисобкунакҳои кортӣ пайваст намуда истодаанд.
Солҳои қаблӣ трансформаторҳо аз кор мебаромаданд ва ҳафтаҳо аҳолӣ бе барқ мемонд. Ҳоло дар назди шабакаҳои барқӣ коргоҳи таъмири трансформаторҳо фаъол гаштааст, кти онҳоро оҷилан таъмир менамоянд. Роҳбарияти шабакаҳои барқӣ коргоҳро бо таҷҳизоти зарурӣ ва қисмҳои трансформаторҳо таъмин кардааст. Кормандони шуъбаи умури фаврӣ низ корро ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда, вобаста ба муроҷиати шаҳрвандон оид ба рух додани садамаҳо гурӯҳҳои таъмириро сафарбар мекунанд. Назорати фаъолияти зеристгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ ба дӯши шуъбаи мазкур мебошад. Вобаста ба тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат талабот ба неруи барқ ҳамарӯза афзоиш меёбад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






