Тоҷикистон ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия таваҷҷуҳи хос дорад

Ноябрь 30, 2015 15:20

Душанбе, 30.11.2015.  (АМИТ “Ховар”).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим зикр намуд, ки бо вуҷуди он, ки тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ соли 2010 Тоҷикистон дар робита ба партови гази дуоксиди карбон (СО2) дар ҷойи 135-ум қарор дошт, кишвари мо зимни рушди иқтисоди худ ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, ки коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро дар назар доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
“Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати озмоишӣ (пилотӣ) дар самти тағйирёбии иқлим бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва  Фонди сармоягузории иқлим (CIF) дар татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ҳамкории муфид анҷом медиҳад”, — гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Ба таъқиди Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти эътирофи ҳаҷми зиёди партовҳои гулхонаӣ дар раванди истифодаи манбаъҳои энергетикӣ рушди минбаъдаи соҳаи энергияи таҷдидшавандаро омили муассири коҳиши партовҳо медонад. Ба ҳамин тартиб, кишвари мо ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.

Ноябрь 30, 2015 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд