Ваҳдати миллӣ гарави пойдории cулҳу субот дар Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2015 02:50

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он доир ба масъалаи ягонагӣ, якпорчагӣ ва иттифоқи байни воҳидҳои маъмурӣ ноил шудан ба мувозинати доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои кишвар муяссар намешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ ба шумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ кашад, ки шаҳрвандонаш дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он як муддат бечораву оҷиз мемонанд. Шояд таъсири ягон қонунҳои нонавишта ҷой дошта бошад, зеро андешидани чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст ҳам дар бисёр ҳолатҳо пешгирии оқибатҳои нохушоянди ин равандро дар консепсияи фалсафию ирфонии «муборизаи зидҳо» номумкин мегардонад.  
Тавре ки маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар платформаи ягонаи рушди мардумони порснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тӯли ҳазорсолаҳо дар муҳити гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд. Кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди устувори сулолавӣ машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат ниҳод: роҳбарӣ, сипоҳ, раъият ва мӯбади мӯбадон ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдории мулк муқаррар кард. Дар марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону порснажодон дар матни платформаи фарҳангсолории «Наврӯз» ҳифз гардид. Дар доираи ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих, қудсияти забон ва рушди устувори сулолавӣ. 
Аммо шаклгирии консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллатгароии муосир Хобсбаум, Гелнер ва дигарон «тарҷумаи мутуни муқаддас ва ҳамчунин ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ» яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Таъсиси давлати сирф миллии тоҷикӣ бо номи Сомониён дар шароити қурунивустоӣ дар заминаи таъмини ваҳдати саросарии қавму халқҳои сокини ин ниҳоди сиёсӣ ба даст омад. Амирони бофарҳанги сомонӣ нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монда, дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Дар ҳоле ки ин корҳоро миллатҳои аврупоӣ дар асрҳои XVII-XVIII анҷом доданд ва агар юришҳои турку муғул рӯй намедод, дар ҷомеаи тоҷикон ташак¬кули мафҳуми миллат ба маънои имрӯзааш ҳамон асрҳо татбиқи амалӣ пайдо мекард. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузорид ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва ваҳдатофаринӣ табдил диҳад, ҳудуди мувозинати мантиқиро байни унсурҳои динӣ ва миллӣ таъйин кунад. Дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб карда, ба унсури фарҳангофарин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт. Ҳарчанд таърих дар ҳаққи пойдории давлату давлатдории миллати тоҷик ҷафоҳои зиёде раво дидааст, вале забони тоҷикӣ мақоми қудсият ва дар сатҳи коргузории давлатӣ истифода шуданро то ибтидои асри ХХ нигоҳ дошта тавонист. Ба назари мо, забони тоҷикӣ асолати қудсияти худро андаруни сарчашмаҳои илмӣ-динӣ ва осори ноби шеърӣ аз чанголи вабоҳои қотили қурунивустоӣ раҳо карда тавонист ва то ба имрӯз оварда расонид. Таҳқиқот ва мушоҳидаҳои мо роҷеъ ба тарҷумаи Қуръон ва аҳодиси набавӣ собит намуд, ки тамоми тарҷумаҳои минбаъд ба забони форсӣ анҷомёфта бар пояи методологияи усулии таҷрибаҳои мовароуннаҳрии гузаштагони мо, аз он ҷумла тарҷумаҳои «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон»-и Муҳаммад ибни Ҷари-ри Табарӣ (машҳур ба «Тарҷумаи «Тафсири Табарӣ», асри Х), «Тафсири Ҳусайнӣ»-и Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ (асри ХV) ва «Фатҳу-р-Раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон»-и Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абдурраҳими Деҳлавӣ (асри XVIII) анҷом ёфтааст. Хамирмояи назми оламгири тоҷику форс ҳам сабку мактаби шеърии устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ будааст, ки то имрӯз ҳамчун манбаи илҳом ва ситораи қутбнамои шоирони марзу буми порснажодон боқӣ мондааст. Ҳамон тасвиру ифодаҳои ҷовидонаи шеърӣ тӯли асрҳои зиёд дар шаклҳои жанрофаринии тоза ва баёни санъатҳои шеърии нав аз даруни худ эҳё шуда истодаанд. Ҳамин адабиёти насри классикӣ доир ба улуми қуръонию исломӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ ду омили асосии нигаҳдорандаи забони тоҷикӣ мебошанд, ки то имрӯз қудсияти онро таъмин карда истодаанд. Ва ҳамаи касоне, ки худро мансуб ба нажоди порсигӯён медонанд, ҳангоми мутолиаи назму насри ёдшуда тамоми матлабро мефаҳманд ва ба ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳи ибораву истилоҳот ниёз надоранд. Ин вежагии қудсият андаруни теъдоди нусхаҳои хаттии ба ин забон китобатшуда, ки то ҳанӯз шумораи ниҳоии онҳо маълум нест, нуҳуфта аст. Аз ин рӯ, пос доштани мақоми давлатии ин забон ва таъмини пайванди ногусастании он бо омӯзиши нусхаҳои хаттӣ ва осори илмию динӣ гарави бақои миллат, пойдории давлат ва ваҳдати миллии он хоҳад буд.
Аммо дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд гӯем, ки ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ инчунин тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус рӯҳониён ва зиёиён фаъолияти ниҳоят баланд нишон доданд. Демократия ва озодии баёни фикру ақида ҳамаи нерӯҳои сиёсиро барои ширкат намудан дар эъмори Тоҷикистони нав ба таҳрик овард. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ дар заминаи бӯҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни мӯътақидони дину конфессияҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи ҷаҳонбинии нави сиёсӣ, идеологӣ ва динӣ боло гирифт.  Баъди берун овардани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудратхоҳӣ ва мавқеъгирии сиёсӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмонҳои динию ғайридинӣ рангу тобиши тамоман дигар касб кард ва дар ҷумҳуриҳои исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам овози ҳаводорону пуштибонони ислом баланд шудан гирифт.  
Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам, ба қавли донишманди тоҷик Ҳақназар Назаров арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ “ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд”. Дар замони муосир доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги давлати Сомониён корҳои таҳқиқотии зиёд анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, дар ҷамъбасти хулосавии сабабҳои суқути давлати муқтадири Сомониён омилҳои зеринро зикр кардаанд: ваҳдату ягонагӣ дар байни роҳбарияти олии давлат ва сулолаи ҳукмрон ба хотири расидан ба тахту тоҷ заиф шудан гирифт; гвардияи миллии Сомониён, ки аз шумори сарбозони кироя ва ғуломони турктабор иборат буданд, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда такягоҳу сипари давлат шуда натавонистанд; муборизаи як қатор ҳокимони худкомаи вилоятҳо барои худмухторӣ боиси суст гардидани ҳокимияти марказӣ ва шиддат гирифтани ихтилофоти берунӣ ва дохилӣ гардид; фаъолияти зиддимиллӣ ва иғвогароёнаи баъзе гурӯҳҳои рӯҳониён дар роҳи пешгирӣ намудан ва куфр донистани талошҳои мардум барои ҳимояи истиқлолияти миллӣ суқути давлати Сомониёнро ногузир гардонид; сабаби дигари фурӯпошии давлат шиддат гирифтани фишори қувваҳои беруна дар шароити бӯҳрони сиёсии дохилӣ буд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина муҳайё сохт ва тадриҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид, ки аслан тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин гардид, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маълум аст, ки дар доираи тафаккури динӣ мунҳасир кардани равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда наметвонад ва ин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани сокинони ҷумҳуриро осон мегардонад. Таърих гувоҳ аст, ки дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусаллаҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда (creative minority)” пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақаллияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини пешвои ин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Ва дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба санаи фараҳбахши Ваҳдати миллии саросарӣ расонанд. 
Ҳарчанд Тоҷикистон 18 сол аст, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар бараъло эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар «дар осебпазирии насли ҷавон ва гароиши онҳо ба раванду ҷараёнҳои номатлуб зоҳир мегардад. Ҳамагон медонем, ки масъалаи ба сафи муҷоҳидини дурӯғини «давлати исломӣ» пайваста¬ни ҷавонон барои ваҳдати миллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ хусусияти хатарнок касб карда истодааст». Ин воқеият на танҳо аз нигоҳи миқдори размандагон аз ҳисоби ҷавонони кишвар ташвишовар аст, балки моро маҷбур мекунад, ки як стратегияи фарогири пешгирии ин равандро ҳам ҳангоми «баромад» ва ҳам ҳангоми «даромад»-и ин гурӯҳи ҷавонон таҳия намоем. Аз ҷониби дигар сиёсати рафтуомади озоди шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ назорати ин равандро сахт мушкил гардонидааст. Муайян кардан мушкил аст, ки шахси раҳси-пор ба кишвари хориҷӣ, масалан Туркия барои истироҳат рафта истодааст ё ҷанг кардан?!
Проблемаи бузурги дигарро низоми хабарпаҳнкунии Твиттер, Фейсбук ва Ютуб эҷод карда истодааст. Ин тори анкабути иттилооти ҷаҳонӣ асосан кишварҳоеро ҳадафи ҳамлаи худ қарор медиҳад, ки мардумаш мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ доранд. Ин тарзи корба-рӣ як ҳалқаи сарбастаро мемонад, ки ошкор ва пешгирӣ карданаш осон нест. Ин ҷо шахс ё ниҳоде, ки ҷавононро ба ҷанг сафарбар мекунад, нопадид мемонад. Маблағи зарурӣ бошад аз тариқи пардохтҳои бонкӣ не, балки тавассути усули ҳавола ба мизоҷон дастрас мешавад.      
Муаммои сарпечидаи дигар он аст, ки ангезаи асосии ин вабо ҳама вақт ҳавасмандии пулӣ нест. Ҳолатҳои зиёдеро медонем, ки шахсони сарватманд дороиҳои худро фурӯхта, барои ҷанг ва ҷойи зиндагӣ ихтиёр кардан ба «давлати исломӣ» меоянд. Таҳдиди воқеӣ дар он аст, ки «давлати исломӣ» як модели маҷҳулеро пешниҳод кардааст, ки то ҳанӯз решаҳои ҷаззобияти он комилан баҳогузорӣ нашудааст. Ин ҳолати равониро ҳанӯз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ «Ин кист ин, ин кист ин, ҳозо ҷунуну-л-фосиқин» номгузорӣ карда буд, ки дар истилоҳи ҷомеашиносӣ «синдроми баъдиҷангӣ» ном дорад ва бояд сама¬раи талхи инқилобҳои «баҳори арабӣ» бошад. Дар ҳамоиши илмие, ки дар Москва 29-31 октябри соли 2015 баргузор гардид, аз зиёд шудани размандагон дар сафи ДИИШ аз ҳисоби шаҳрвандони Россия изҳори нигаронӣ карда шуд. Коршиносон сабаби асосии чунин равандро дар вазъи иҷтимоии танҳо будан ва пайдо карда натавонистани мавқеи худ дар ҷомеа медонанд. Дастгоҳи дурӯғини идеологии «давлати исломӣ» гӯё барои ин қабил шахсон майдони васеи татбиқи имконияту истеъдодҳоро пешкаш мекунад ва дар ҳолати кушта шудан ба биҳишти фирдавс даромаданро ваъда мекунад.  
Хатари ҷиддӣ боз дар он аст, ки пешниҳоди позаҳри муборизаи бодалел бар зидди «давлати исломӣ» ҳатто дар байни рӯҳониёни мо бисёр заиф аст ва дар ин вазъияти сарпечида бар сари онҳо санги маломат задан ҳам дуруст нест. Далелҳое, ки аз ҷониби олимону коршиносон ҳам пешниҳод мешавад, қонеъкунанда нест, зеро дар ҷомеа созмонҳо ва гурӯҳҳои зиёде пайдо шудаанд, ки онҳо на он чизеро мегӯянд, ки ба салоҳи кор аст, балки ончунон рафтор мекунанд, ки ба таври ғайри мустақим боиси ҷалб гардидани одамони норозӣ ба сафи ин ташкилоти террористӣ мешаванд. Ҳоло ҳизбу ҳаракатҳои террористии дигари минтақавӣ гоҳо садо бароварда истодаанд, ки «давлати исломӣ»-ро дастгирӣ хоҳанд кард, ҳарчанд то ҳанӯз равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамроҳшавӣ ба мушоҳида нарасидааст. Ба тозагӣ нерӯҳои ҳавоию кайҳонии Россия низ муборизаи худро дар шакли бомбаборон кардани ситодҳои асосии созмони ДИИШ дар ҳудуди Сурия оғоз бахшиданд, ки боиси ба кишварҳои ҳаммарз фирор кардани як миқдори ҷангиён шудааст. Бо вуҷуди ҷой доштани ихтилофҳо қудратҳои ҷаҳонӣ ба масъалаи пайдо кардани дармони ин вабои аср талош карда истодаанд, вале ҳеҷ кишваре барои анҷом додани амалиёти ҷангӣ бо истифодаи нерӯҳои хушкигард тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Ин таъхир карданҳо боиси сайқал ёфтани таҷрибаи ҷангиёни даҳшатафкани «давлати исломӣ» шуда истодааст.
Имрӯз ваҳдати миллӣ на танҳо аслу асоси андешаи миллӣ, балки зиёда аз он соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави онро дар назар дорад. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки дар оғози расидан ба истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субйективӣ ва обйективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдат ва якдилии саросарӣ расонид. Ва санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон субйекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.  
Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар масъалаҳои ташкилию маъмурӣ ва фаҳмондадиҳию ҳамоҳангсозӣ вуҷуд доранд. Консепсияи ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки пазируфтории мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ меваи дигаре ба бор намеоварад. Насли ҷавони мо бояд боварӣ дошта бошад, ки ин равандҳои зукомшакл падидаҳои муваққатӣ аст ва ба зудӣ сабабҳои зиёдаравии созмону ҳаракатҳо ва шабакаҳои динии фармоишӣ ошкор хоҳад шуд.   
Акнун баъди гузашти 24 сол бо боварии комил гуфта метавонем, ки мудирияти мукаммали сиёсӣ ва анвои мухталифи инфрасохтори давлатӣ ба таври амудию уфуқӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ тибқи муқарраро-ти ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд шудааст. Вале ҳамчунин бояд дониста бошем, ки дар ҳар гуна ҷомеаи шаҳрвандӣ ақаллияти норозии разманда ҳузури доимӣ дорад. Ҳам акнун дар оғози моҳи сентябри соли равон муқтазои табиат ин гурӯҳи харобкорро ҷунунвор ба таҳрик даровард, ки як бори дигар ниятҳои зишту нопокашонро озмоиш кунанд. Онҳо мисли ойина медонистанд, ки тарафдор надоранд, пирӯз намешаванд ва маҳву нобуд мегарданд, вале дидаву дониста ба ин кор даст заданд ва оқибат ҷазои сазовори худро гирифтанд. Онҳо заррае шакку шубҳа ҳам надоштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қудрати комилан бартараф кардани чунин падидаҳои номатлубро дорад, раванди сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагию ободониро дар ҷумҳурӣ ҳимоя карда метавонад, вале нотавонбинӣ онҳоро ба таъбири ояти каримаи қуръонӣ «ло юбсируна: суммун, букмун, умйун, фа ҳум ло ярҷиъун» – «ҳеҷ намебинанд: каронанд, гунгонанд, кӯронанд; пас онҳо бознамегарданд» (Бақара, 2:17/18) гардонидааст.    
Мо чунин мешуморем, ки дар чунин лаҳзаҳои тақдирсози миллату давлат дастгоҳи идеологӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои қудратӣ бояд пайваста дар ҳамкорӣ бошанд ва барои ошкору пешгирӣ кардани ин қабил хиёнатҳо суботкорона фаъолият намоянд. Мо ҳанӯз наметавонем мавҷудияти ақаллияти харобкорро дар ҷомеа истисно кунем ва нисбат ба ғаразҳои нопоки онҳо бетараф бошем. Дар айни замон бояд саъю талошҳои ақаллияти созандаи воқеан миллию ватандӯст дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирию пайравӣ пайдо кунад, то вазъи оммаи мардум аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин будан бо ҷойҳои корӣ беҳтар гардад ва раванди рушди устувору бебозгашти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба даст ояд.
Фазои болидарӯҳии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят мураккаби байналмилалӣ шадидан тақозо менамояд, ки мо ҳеҷ гоҳ озурдахотир нагашта, вазифаи шаҳрвандии худамонро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро намоем. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки некӣ бо бадӣ, корҳои писандида бо корҳои зишт, ақл бо ҷаҳл, имон бо куфр, сулҳ бо ҷанг, рӯз бо шаб, равшанӣ бо торикӣ ва ниҳоят ваҳдат бо парокандагӣ ҳамеша дар муборизаанд ва мо бояд ҳар рӯз бештар аз пештар кору фаъолият кунем, то пирӯзӣ насиби орзуву ормонҳои миллати тоҷик ва кишвари маҳбубу азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.  

Ф. Баротзода    –  директори Маркази исломшиносӣ дар
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2015 02:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд